Голден Делишес
Голден Делишес (англ. Golden Delicious) — як навъ себи тирамоҳӣ. Соли 1890 дар иёлати Вирҷинияи Шарқӣ (ИМА) аз ниҳоли хасак рӯёндаанд. Навъи хуби санъатист.
![]() | |
Номи байналмилаллии илмӣ |
|
---|---|
Ранги таксономикӣ | навъ |
Таксони наздиктарини болоӣ | Malus pumila[d] |
Пеш аз | Gala[d][2] |
Баъдӣ | Granny Smith[d][2] ва Gala[d][3] |
Кишвари созанда | |
Замони оғоз | 1905 |
Ранг | Зард ва тақрибан сабз |
Total produced | 2 587 000 тонна[3] ва 440 780 000 кг[4] |
Fruit color | Зард |
![]() |
Дар Тоҷикистон аз соли 1974 парвариш карда мешавад. Дарахташ миёнақади парешоншох, пӯстлохаш нафис, хокистарранги зард. Муғҷаҳои самаровараш калон. Баргаш сабзча, дарозрӯя, канорҳояш дандонадор. Гулаш гулобӣ, дар шароити иқлими Тоҷикистон 13–25 апрел мешукуфад (давраи гулшукуфташ 11–14 рӯз). Барои гардолуд шудани он навъҳои Боровинкаи тошкентӣ, Пармени зимистона, Ренет Симиренко ва Ҷонатан мувофиқ аст. Мевааш калон (вазнаш 140–150 г, дарозиаш 60 мм, бараш 70 мм), зарди тилогун; охири сентябр мепазад (3–4 моҳ нигоҳ доштан мумкин). Гӯшти мевааш зарди сафедча, сероб, хуштаъму хушбӯй; дар таркибаш 19,2% моддаи хушк, 10,8% қанд, 3,5 мг% витамини С, 0,79% моддаҳои пектинӣ мавҷуд аст. Аз ҳар га 200–300 сентнер ҳосил меғундоранд. Ба сармо тобовар аст. Баъзан аз кирми себ ва касалии гардаи сафед зарар мебинад.
ЭзоҳВироиш
- ↑ https://directives.sc.egov.usda.gov/OpenNonWebContent.aspx?content=27319.wba
- ↑ 2.0 2.1 http://usapple.org/all-about-apples/apple-industry-statistics/
- ↑ 3.0 3.1 http://www.wapa-association.org/docs/2014/European_apple_and_pear_crop_forecast_2014_-_Summary.pdf — С. 2.
- ↑ http://usapple.org/wp-content/uploads/2016/02/2014Production-and-UtilizationAnalysis.pdf — С. 15.
АдабиётВироиш
- Каталог районированных сортов плодовых, ягодных культур и винограда. М., 1985;
- Гулов С. Мевапарварӣ. Д., 2007.
ЭзоҳВироиш
СарчашмаВироиш
- Голден Делишес / Р. Юнусов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.