Гоммоз (фр. gomme — шилм), шилмшорӣ — як навъ касалии занбӯруғии рустаниҳо. Бештар ба дарахтони меваи донадор, меваҳои ситрусӣ, тут, зайтун, баъзан ба пахта, кунҷид ва ғайра зиён мерасонад. Ҳангоми гоммоз ҷойҳои осебёфтаи рустанӣ доғ пайдо карда, дар танаю пӯстлохи дарахтон ғурриҳо пайдо мешаванд, аз роғи кафидаҳо шилми зардранг ё хокистарӣ шорида зуд мехушкад. Сабаби пайдоиши шилм ҳал гаштани пардаи ҳуҷайраҳо буда, таркиби он аз карбогидратҳо (арабиноза ва галактоза) иборат аст. Барги рустаниҳои касал зард ва тадриҷан хушк мешавад, пӯстлох аз тана ҷудо гашта меафтад. Гоммоз дар натиҷаи чуқур шинондани ниҳол, намии зиёди хок, истифодаи нодурусти нуриҳои нитрогендор, таъсири сармою офтоб ва ғайра падид меояд.

Гоммози дарахти олуча

Гоммози дарахтони мевааш донакдор

вироиш

Гоммози дарахтони мевааш донакдор (зардолу, шафтолу, гелос, олуболу ва ғайра) ба боғдорӣ зиёни ҷиддӣ мерасонад. Аломатҳои касалӣ дар ҷойҳои аз сармо кафидаи рустанӣ — тана, навда, баъзан мева падид меоянд. Шилме, ки заҳида ба рӯи пӯсти дарахт баромадааст, шӯша баста сахт мешавад. Шоридани шилми бисёр дарахтро камқувват, ҳосилро кам ва шоху навдаро хушк мекунад. Сабаби асосии гоммози дарахтони меваи донакдор намии зиёд, нарасидани ҳаво дар таркиби хок, бемаҳал буридани шохи дарахтон мебошад. Ҷиҳати пешгирии касалӣ дуруст ба роҳ мондани корҳои нигоҳубини боғ, ҳифзи рустанӣ аз сармою гармо, дуруст ва саривақт буридани шохи дарахтон муҳим аст.

Гоммози рустаниҳои ситрусӣ

вироиш

Гоммози рустаниҳои ситрусӣ (лиму, норанҷ, афлесун, пуртахол ва ғайра) касалии маъмул буда, бинобар зиёдии намӣ, захм бардоштани танаи дарахт, чуқур ва наздик шинондани ниҳолҳо, норасоии ҳаво, обмонии номураттабу барзиёд пайдо мешавад. Ангезандаи касалӣ занбӯруғҳои Phytophthora citrophthora ва Ph. Parasitica мебошанд. Барг ва навдаҳои ниҳоли касал сиёҳ гашта, мехушканд, меваҳои ба замин наздик дорчиниранг шуда мерезанд. Барои пешгирии касалӣ шудгори чуқури замин, ғизодиҳии дуруст ва ба ҷойҳои осебдида пошидани маҳлули бордои 1%-а муҳим аст. Тана ва шохаҳоро аз шилм тоза карда, маҳлули 1%-и даҳани фаранг мемоланд.

Гоммози пахта

вироиш

Гоммози пахта дар ҳама ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ дучор меояд. Ангезандаи он бактерияҳои Xanthomas malvacearum буда, ба рустанӣ тавассути масома ё ҷойҳои осебдида ворид мегарданд. Дар узвҳои рӯизаминии пахта доғҳои равғании сиёҳтоб падид омада, бо луобпардаи хушк (зооглея) пӯшонда мешаванд. Баргҳо зард гашта мехушканд, пояи рустанӣ беҷон шуда мепӯсад. Гоммоз бештар ба пахтаи маҳиннах зарар мерасонад. Кишти тухмии солим, канда партофтани ниҳолҳои касал, шудгори хуби замин ва дору задани тухмӣ тадбирҳои асосии пешгирии гоммози пахта мебошанд.

Адабиёт

вироиш
  • Бабаян А. А., Гоммоз хлопчатника, — Ереван, 1963.
  • Словарь-справочник фитопатолога // под редакцией П. Н. Головина, 2 издание, — Ленинград, 1967.
  • Корчагин В. Н., Ермолаева И. П. Календарь работ по борьбе с вредителями и болезнями сада. Москва, 1988.
  • Литвиенко М. Защита сельскохозяйственных культур от вредителей, болезней и сорняков. Ленинград, 1991.
  • Жирмунская Н. М. Огород без химии. Москва, 2005.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш