Грета Га́рбо (англ. Greta Garbo, 18 сентябр 1905, Стокҳолм, Суэд — 15 апрели 1990, Ню-Йорк, ИМА), дар хурдӣ Грета Ловиса Густафссон (швед. Greta Lovisa Gustafsson) — ҳунарпешаи амрикоии шведитабор.

Грета Гарбо
англ. Greta Garbo
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. Greta Lovisa Gustafsson[7]
Таърихи таваллуд: 18 сентябр 1905(1905-09-18)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 15 апрел 1990(1990-04-15)[4][5][6][…] (84 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, бозигари синамо, ҳунарпешаи театр
Корнома: 19201941
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0001256
gretagarbo.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома вироиш

Солҳои 1922-24 дар Омӯзишгоҳи салтанатии театри драмаи Стокҳолм таҳсил кард. Соли 1922 дар кино қувва озмуд. Нахустин нақшҳои чашмрасро дар филмҳои «Достони Йеста Берлинг» (1924, Шветсия), «Паскӯчаи ғамзада» (1925, Олмон) офарид. Соли 1925 ба Ҳолливуд омад. Г. дар филмҳо тимсоли драматикии занони идеалиеро офарид, ки пур аз шӯру илмҳом ва ё дурафтодаву маҳзунанд (филмҳои «Селоб», 1926; «Ҷисм ва шайтон», 1927; «Муҳаббат», 1927; «Бонуи илоҳӣ», 1928). Бо зуҳури кинои овоздор, пас аз аввалин бозии муваффақиятомез дар филми «Анна Кристи» (1930), Г., ки садои дурушту ҷаззобе дошт, ночор дар мелодрамаҳо нақшҳои васвасаангез бозид («Илҳом»; «Барору нобарориҳои Сюзанна Ленокс»; «Мата Хари», ҳама — соли 1931; «Ту маро чӣ гуна мехоҳӣ», 1932). Ӯ эҳсоси печидаю ноаёни қаҳрамонони хешро дар филмҳои сабки классикӣ бо зарофату самимият бозӣ кардааст («Шоҳбону Христина», 1933; «Анна Каренина», 1935; «Хонуме бо дастагули камола», 1937). Соли 1941 аз саҳнаи кино рафт.

Ҷоизаҳо вироиш

Барои саҳми шоистааш дар ҳунари кино бо ҷоизаи «Оскар» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

  1. 1.0 1.1 Katarina kyrkoarkiv, Födelse- och dopböcker, SE/SSA/0009/C I/38 (1905), bildid: 00006820_00152 — С. 118.
  2. Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. Store norske leksikon (бук.) — 1978. — ISSN 2464-1480
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
  6. Discogs (ингл.) — 2000.
  7. (unspecified title)Rivista del Cinematografo.
  8. Deutsche Nationalbibliothek Record #118537571 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.

Адабиёт вироиш

  • Г. Гарбо // Киноведические записки. 1991. № 9;
  • Дмитриева В. Г. Гарбо // Великие и неповторимые. М., 1993;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008..


Сарчашма вироиш