Григол Абашидзе
Григо́л Григо́лович Абаши́дзе (гурҷӣ: გრიგოლ გრიგოლის ძე აბაშიძე; 19 июл (1 август)-и 1914, Чиатура, Гурҷистон — 29 июли 1994, Тифлис, Гурҷистон) — шоир ва нависандаи гурҷӣ, академики АИ ҶШС Гурҷистон (1979). Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Котиби якуми Садорати ИН Гурҷистон (1967—1981).
გრიგოლ გრიგოლის ძე აბაშიძე | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | гурҷӣ: გრიგოლ აბაშიძე |
Таърихи таваллуд: | 1 август 1914[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 29 июл 1994 (79 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | тарҷумон, шоир, нависандаи достонҳои илмию тахайюлӣ, насрнавис, нависанда |
Жанр: | байт, шеър[d] ва повест[d] |
Забони осор: | гурҷӣ[2] |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишГригол Абашидзе 19 июл (1 август)-и соли 1914 дар шаҳри Чиатура ба дунё омадааст. Соли 1931 мактаби миёнаро дар Тифлис хатм кардааст. Дар соли 1936 факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ттифлисро хатм намудааст. Шеърҳояш аз соли 1934 чоп мешаванд.
Фаъолияти эҷодӣ
вироишАсарҳои Абашидзе ба таърихи қадими Гурҷистон ва ҳаёти бунёдкоронаи имрӯзаи он бахшида шудаанд. Қаҳрамонҳои асарҳои ӯ («Ҳамеша дар либоси ҷангӣ», 1938; «Диди Свенски», 1939) меҳнаткашону родмардонанд. Маҳорати эҷодии Абашидзе хусусан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) сайқал ёфт. («Душманон», «Мусобиқаи танкҳо», 1941; «Байрақҳо»; достони «Кавкази мағлубиятнопазир», 1943) ва ғайра Абашидзе барои асарҳои «Дар сарҳади ҷанубӣ» (1949) ва «Ленин дар Самгори» (1950), сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст (1951). Абашидзе муаллифи достони драмавии «Қиссаи тифлисиҳои нахустин» (1959) ва «Саёҳат дар се айём» (1961), маҷмӯаи «Тоқи заррин» (1966) мебошад. ӯ «Чӯҷачаи хурдӣ» (1943), «Парасту дар Рустави» (1950) барин асарҳои бачагона низ таълиф кардааст.
Абашидзе яке аз муаллифони (ҳамроҳи А. В. Абашели) матни Суруди Миллии ҶШС Гурҷистон мебошад. Ба тоҷикӣ қариб 50 шеър ва як қатор ҳикояҳои ӯ тарҷума гардидаанд, ки «Ленин дар Самгорӣ», ҳикояи «Сабақи бераҳмӣ» аз ҳамин ҷумлаанд. Иштирокчии Рӯзҳои адабиёти шӯравӣ дар Тоҷикистон (1981).
Осор
вироиш- Избранная лирика, М., 1985.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Мирианашвили А. М. Абашидзе Григол Григорьевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969. — Т. 1 : А — Ангоб. — С. 12—13.
- ↑ CONOR.Sl
Сарчашма
вироиш- Абашидзе Григол // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.