Гулафзо Савриддинова

Гулафзо Савриддинова (тав. 12.09.1947[1], Исфара) — ходими давлатии Тоҷикистон, Корманди шоистаи фарҳанги ЧТ. Донишгоҳи хоҷагии халқи Москва (1969), Мактаби олии хизбии шаҳри Тошканд (1985). Фаъолияти кориаш аз иктисодчии идораи савдои шаҳри Шӯроб с. 1969 огоз шудааст. Раиси иттифоки касабаи кормандони саноати махалли, раиси XМШ (19721977), муовини раиси комичроияи шурои депутатҳои халқи шаҳр (1977—1980), котиби кумитаи шаҳрии хизби коммунист (19801983), раиси комичроияи шурои депутатҳои халқи шаҳр (19821983), котиби якуми кумитаи хизби коммунисти ш. Исфара (19831985), мудири шуъбаи маданият, шуъбаи савдо ва хидматрасонии маишии КМ ПК Тоҷикистон (19851988), котиби аввали кумитаи шаҳрии хизб ва раиси Шурои депутатҳои халқ, раиси ш. Исфара (19881996), муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (19972000) ва аз моҳи марти с. 2000 муовини Раиси Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Хизматҳои Савриддинова бо ордени «Дусти» ва медалу ифтихорномаҳо қадр шудаанд. Вакили Шурои Олии Чумҳурии Тоҷикистон (даъватҳои 12, 13), вакили халқии Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон (даъвати 1) интихоб шудааст..

Гулафзо Савриддинова
Таваллуд 11 сентябр 1947(1947-09-11) (77 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
  1. САВРИДДИНОВА Гулафзо Азия Плюс http://news.tj/ru/personality/savriddinova-gulafzo Бойгонӣ шудааст 23 июли 2012  сол.