Шӯроб — шаҳраки ангиштканон (дар солҳои 1952—2005 шаҳр) тобеи ноҳияи Исфара. Баъди хамроҳшавии Осиёи Миёна ба Россия ҷустуҷӯҳои геологӣ ва коркарди саноати кӯҳӣ дар Осиёи Миёна равнақ ёфтанд. Аз с. 1882 дар кони ангишти Шӯроб дар микёси начандон зиёд бо истеҳсоли ангишт шурӯъ карданд. Аз он вақт сар карда, дар он ҷо махалҳои коргарнишин сохта шуданд. Соли 1914 дар шаш кони мавҷудаи Шӯроб 231 нафар коргарон кор карда, истеҳсоли солонаи ангишт як миллиону 816 пудро ташкил дод. С.1917 дар 25 хоҷагиҳои мавҷудаи Шуроб 437 нафар аҳоли зиндагӣ мекард. С.1925 шумораи ин хоҷагихо ба 100 расид. Бо қарори КИМ ва ШКХ ЧТ аз 29 августи соли 1930 дар Ш. махаллаи коргарнишин ташкил ёфт. Президиуми КИМ ва ШКХ ҶТ 22 октябри с.1937 дар бораи ташкили шаҳрхо ва посёлкаҳои коргари дар ҷумҳури қонун интишор намуд. С. 1939 дар Ш. шахтаи нави ангишт ба кор сар кард, ки истеҳсоли солонаи он 500 ҳазор тоннаро ташкил медод. Дар асоси укази Шурои Олии ЧТ аз 6 феврали соли 1945 аз ҳисоби хурд кардани ноҳияи Исфара н. Шуроб ташкил карда, ба хайати он посёлкаҳои коргарнишини Шуроб, Шуроҳои рустои Ворух, Чоркух ва рустои Наймани Шурои рустои Сурх дохил карда шуд. Кишлоки Найман аз чихати маъмурию худуди ба хайати Шурои рустои Чоркӯҳ ҳамроҳ карда шуд. Посёлкаи коргарнишини Шуроб маркази н. Ш. гардид. 24.03.1947 н. Ш. бархам хурд ва худуди он ба ноҳияи Исфара дохил шуд. 04.01.1963 Ш. ҳамчун шаҳр ба хайати ш. Исфара дохил карда шуд.

Шаҳрак
Шӯроб
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Исфара
Координатаҳо 40°03′00″ а. шим. 70°33′00″ т. ш.HGЯO
Шаҳрак аз 2005
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 2900 нафар (2020)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонон
Вақти минтақавӣ UTC+5
Коди телефон +992
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Шӯроб дар харитаи
Шӯроб
Шӯроб

Ахоли 3673 наф.(2002). Асосан тоҷикон, қисман русҳо, кирғизҳо, тоторҳо, кореягиҳо ва дигар миллатхо буда, дар кони ангишт ва корхонаю муассиса ва ташкилотҳои Шӯроб ва дар шаҳри Исфара кор мекунанд. Аз маркази ноҳия 9 км масофа дорад ва бо шаҳраки Самарқандаки ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Як шохаи роҳи оҳани шаҳри Исфара ба Шӯроб дохил мешавад. Заводи механики, омузишгоҳи касбҳои техникӣ, мактабҳои таҳсилоти хамагонии № 3,8,11, мактаби мусики, касри ангиштканон, китобхона, шуъбаи алока, беморхона ва маркази мавчпахнкунандаи телевизиони дорад. Барои ангиштканон нашрияи бисёрадади «За уголь» (барои ангишт) бо забонҳои тоҷикию руси чоп мешуд. Аҳолӣ ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрак бо воситаи обкашҳо аз дарёи Исфара об мехӯранд.

АҳолӣВироиш

сол 2002 2012 2013 2015 2020 2022
шумора
(ҳаз. нафар)
3,6 3 2,9 3 2,9 3,1


ЭзоҳВироиш

СарчашмаВироиш