Гулдара (деҳа, н. Ёвон)
Гулдара — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон. Аз Гулдара то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 7 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 1783 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Ёвон |
Ҷамоат | Деҳоти Гулсара Юсуфова |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1783 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3141 |
Нишонаи почта | 735310 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, 5 нуқтаи савдои хусусӣ ва масҷиди панҷвақта дорад. Хонандагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Навкорам ва Бӯстон давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш тавассути наҳр обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулдара 9 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулдара // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2