Гулзор (деҳа, н. Кӯлоб)
(Тағйири масир аз Гулзор (деҳа, ш. Кӯлоб))
Гулзор — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Гулзор то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 26 км, то маркази вилоят 185 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 722 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯлоб |
Ҷамоат | Деҳоти Даҳана |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 722 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3322 |
Нишонаи почта | 735140 |
|
Ицтисод
вироишДеҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 4 осиёби барқӣ ва обӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Ёхсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулзор 30 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва Хоҷагии деҳқонии «Гулзор» мавҷуд аст.
Шахсиятщои маъруф
вироишОҳангсоз Талабхӯҷа Сатторов дар ҳамин деҳа таваллуд шудааст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулзор // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2