Гулзор (оҳанг)
Гулзор (форсӣ: گلزار) — оҳанг, таронаи бостонӣ дар осори мусиқии тоҷикон (эрониён), суруди мавсимию маросимии мансуб ба лаҳнҳои сегона ва шохаи дуввуми достони ҳафтгонаи «Хусравонӣ»-и Борбади Марвазӣ.
Борбад ин асарро барои маҳбубаи Хусрави Парвиз — Ширин тасниф намудааст. Гулзор дар осори адабию мусиқӣ ба таври фаровон тавсиф шудааст («Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, достонҳои Низомии Ганҷавӣ, қасидаҳои Фаррухӣ, Унсурӣ, Манучеҳрӣ ва дигарон). Мусиқидонон Муҳаммади Нишопурӣ («Рисола дар мусиқӣ»), Мирсайидалии Ҷурҷонӣ (Мақолиду-л-улум), Абдулқодири Гӯянда («Ҷомеъу-л-алҳон») ва дигарон Гулзорро ба унвони шуъба дар мақоми «Ушшоқ» («Дувоздаҳмақом») ном бурдаанд;
Гулзор гӯшаи мусиқӣ дар таркиби дастгоҳ (мақом)-и «Шӯр» (ҳафтдастгоҳи эронӣ), ки он аз ду қисм — «Гулрез» ва «Муқаддимаи Гулрез» иборат буда, пас аз гӯшаҳои «Зеркаши Салмак» ва «Муқаддимаи Гулрез» омада, пас аз шуъбаи «Муҳаммад Содиқхонӣ» қисми асосии Гулзор меояд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гулзор / А. Раҷабов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
- Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VIII. Д., 2011;
- محمد علی ششتری شعروموسیقی و سازو آواز در ادبیات فارس. تهران، 1346 ه. ش؛
- نصرت الله حدادی. فرهنگنامۀ موسیقی ایران. تهران، 1376 ه. ش.ر