Гулистон (деҳа, н. Ёвон)

Гулистон (собиқ Кончӣ, то 29.3.2012) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 8 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 2445 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ёвон
Ҷамоат Деҳоти Гулсара Юсуфова
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2445 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3141
Нишонаи почта 735310

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаҳои Бӯстон-2 ва Парчасойи ҷамоати деҳоти Обшорон таҳсил мекунанд. Гулистон бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 2 нуқтаи савдои хусусӣ ва 2 осиёби барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо тавассути наҳр аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд. Нависанда Ато Раҳмонов зодаи ҳамин деҳа мебошад.

Сарчашма

вироиш