Гулистон (деҳа, н. Кӯлоб)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Зарбдори ноҳияи Кӯлоб. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 8 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1820 нафар (2013), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯлоб |
Ҷамоат | Деҳоти Зарбдор |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1301 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3322 |
Нишонаи почта | 735140 |
|
Таърих
вироишДеҳа соли 1963 таъсис ёфта, аҳолиаш асосан аз ноҳияҳои Шӯрообод ва Муъминобод ба ин ҷо кӯчидаанд.
Иқтисод
вироишДеҳа бунгоҳи тиббӣ, китобхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ, ошхона, осиёби хусусӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва фурӯши сӯзишворӣ, мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Панҷосиёб (собиқ Бештегирмон) давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Сиёҳоб обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон хоҷагиҳои деҳқонии «Гулистон» ва «Ёраков» фаъолият доранд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2