Гулистон (деҳа, н. Рӯдакӣ)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ. Аз Гулистон то маркази ноҳия 22 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 7409 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рӯдакӣ |
Ҷамоат | Деҳоти Гулистон |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Ҳазрати Мавлоно |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 7409 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3137 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, китобхона, 2 чойхона, сартарошхона, 3 осиёби хусусӣ ва 9 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Мавлоно обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон масҷид ва марқади Мавлоно Яъқуби Чархӣ воқеъ аст, ки зиёратгоҳи мардум мебошад.
Мардум
вироишСол | 2010[1] |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
5,7 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Wayback Machine. web.archive.org (11 октябри 2017). 23 Декабри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2017.
Сарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2