Гулистон (деҳа, н. Фархор)
Гулистон (собиқ Победа) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 17 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2301 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Фархор |
Ҷамоат | Деҳоти Деҳқонариқ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 2301 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3316 |
Нишонаи почта | 735140 |
|
Мардум
вироишҚисми зиёди аҳолиаш солҳои 1938—1940 бо мақсади обод кардани заминҳои бекорхобида ва рушди пахтакорӣ аз ноҳияи Балҷувон кӯчонда шудаанд.
Иқтисод
вироишДеҳа маркази саломатӣ, дорухона, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва осиёби барқӣ дорад. Гулистон мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Арча таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ тавассути наҳр обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 38 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва кооперативи истеҳсолӣ (хоҷагии деҳқонӣ)-и ба номи Ҷӯрахон Қаюмов мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2