Гулистон (деҳа, н. Хуросон)
Гулистон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнӣи ноҳияи Хуросон. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 4 км, то маркази ноҳия 22 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 1811 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Хуросон |
Ҷамоат | Деҳоти Садриддин Айнӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1811 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3242 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти умумии асосӣ, бунгоҳи тиббӣ, осиёби хусусӣ, фермаи чорвопарварӣ, масҷиди панҷвақта ва нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии маркази ҷамоат (шаҳраки Уялӣ) давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва боғдорӣ. Заминҳо аз наҳри Ёвонсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 11 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулистон // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2