Гулнора Усмоновна Ахмедова (тав. 09.04.1958, ноҳияи Исфара), номзади илмҳои педагогӣ (2009). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2015)

Гулнора Ахмедова
Гулнора Усмоновна Ахмедова
Таърихи таваллуд 9 апрел 1958(1958-04-09) (66 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Исфара , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ забони олмонӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1975–1979 дар факултети забонҳои хориҷии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 1979–1988 муаллими кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, 1989–2002 муаллими калони кафедраи забони олмонии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Аз соли 2002 то имрӯз муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон мебошад. Муаллифи зиёда аз 4 дастури таълимиву методӣ ва 40 мақолаи илмӣ мебошад. Якчанд маротиба барои таҳсил ва курси такмили ихтисос ба Олмон сафар намудааст.[1]

Нигаред низ

вироиш
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016.
  • Учебное пособие по грамматике немецкого языка, Д., 2006;
  • Диспуты и конференции как воспитательные мероприятия способствующие формированию личности, Д., 2008;
  • Категории определенности и неопределенности в романо-германских языках, Д., 2008.

Пайвандҳо

вироиш