Гулнора Ибрагимова

Гулнора Хайдаровна Ибрагимова (тав. 25.05.1967 ) шаҳри Хуҷанд , вилояти Суғд) — олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

Гулнора Ибрагимова
Гулнора Хайдаровна Ибрагимова
Таърихи таваллуд 25 май 1967(1967-05-25) (57 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд , вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Зиндагинома

вироиш

Соли 1989 факултети забон ва адабиети руси ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст. Ихтисос муаллимаи забон ва адабиети рус.

Солҳои 1994-2005 — муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 2005 -2008 — сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии забони руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.

Солҳои 2008-2013 — дотсент, мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Аз августи соли 2016 то ҳоло — дотсенти кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ, ноиб декани факултети филологияи рус оид ба таълим дар факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[1]