Гулнора Муродалиева

(Тағйири масир аз Гулнора)

Гулнора — рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012)

Гулнора
Муродалиева Гулнора Сайидалиевна
Ном ба ҳангоми таваллуд: Гулнора
Номи пурра Муродалиева Гулнора Сайидалиевна
Таърихи таваллуд: 8 декабр 1960(1960-12-08) (63 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ҷаббор Расулов
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, нависанда, тарҷумон

Зиндагинома вироиш

Гулнора (Муродалиева Гулнора Сайидалиевна) 8 декабри соли 1960 дар ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов) таваллуд шудааст. Соли 1978 мактаби миёнаи № 2 ба номи М. Горкий, соли 1982 Донишгоҳи давлатии педагогии ба номи С. М. Кировро ба поён расондааст. Солҳои 1982—1986 дар рӯзномаи «Пролетар тонгӣ» ва Ҷамъияти китобдӯстони ноҳия шуғл варзида, солҳои 1986—1997 дар ноҳияи Ленин (Рудакӣ), дар мактаби миёнаи № 6, омӯзгорӣ кардааст. Солҳои 2001—2011 сармуҳарририи маҷаллаи ӯзбекии «Нафосат»-ро низ бар уҳда доштааст. Аз соли 1998 дар рӯзномаи «Халқ овози» фаъолият дорад. Ҳамчунин машғули тарҷумонист. Аз соли 2012 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Эҷодиёт вироиш

Муаллифи китобҳои бадеӣ ва публитсистии «Аз худ гузашта…» (2000), "Туро мепарастам, олами афсонаҳо (2001), «Дардҳои дили ман» (2002), «Марди дарёдил» (ҳамроҳи Ҷӯрақул Аҷиб, 2004), «Симои накӯкор» (2002), «Қисмати нурафшон» (2003) аст.

Ҷоизаҳо вироиш

  • Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ;
  • Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.[1]

Сарчашма вироиш

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.70 ISBN 978-99947-2-379-9