Гулобод (деҳа, н. Кӯлоб)
Гулобод (собиқ Девонахуҷа) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Кӯлоб. Аз Гулобод то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 27 км, то маркази вилоят 187 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1602 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Кӯлоб |
Ҷамоат | Деҳоти Даҳана |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Девонахуҷа |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1602 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3322 |
Иқтисод
вироишДеҳа бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдои хусусӣ, ҳавзи моҳипарварӣ, пойгоҳи оббарорӣ ва осиёби хусусӣ дорад. Деҳа мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Гулзор таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Ёхсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулобод 10 хоҷагии хурди деҳқонӣ, хоҷагиҳои деҳқонии «Гулобод» ва «Чорбоғи Поён» мавҷуданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гулобод // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2