Гулрез (деҳа, н. Хуросон)
Гулрез (собиқ Ойкамар, то соли 2012) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҳилолӣи ноҳияи Хуросон. Аз Гулрез то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 14 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1920 нафар (2017), тоҷикон. Соли 1929 ташкил шудааст.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Хатлон |
Ноҳия | Хуросон |
Ҷамоат | Деҳоти Ҳилолӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Ойкамар |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1920 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3242 |
Нишонаи почта | 735140 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, 2 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо аз наҳри Ёвонсу обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулрез 18 хоҷагии хурди деҳқонӣ, ҶДММ «Аграрии водии зарин», ҶДММ «Зотпарварии Саодат» мавҷуданд.
Сарчашма
вироиш- Гулрез // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2