Муҳаммадшариф Гулханӣ

шоири тоҷик
(Тағйири масир аз Гулханӣ)

Муҳаммадшариф Гулханӣ (форсӣ: محمدشریف گلخنی‎) — шоири тоҷики асрҳои XVIII—XIX

Муҳаммадшариф Гулханӣ
Тахаллусҳо: Gülxani
Таърихи таваллуд: 1770-ум ё асри XVIII
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1920-ум
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммадшариф Гулханӣ солҳои 70-уми асри XVIII дар деҳаи Булқоси кӯҳистони Қаротегин, дар оилаи деҳқони фақир таваллуд шудааст. Дар назди имоми деҳа хатту савод омӯхт. Лекин душвории иқтисодии оила маҷбур месозад, ки диёрашро тарк кунад. Вай ба Қӯқанд меравад. Дар он ҷо аввал ба мардикорӣ ва пас ба сарбозӣ ҷалб мешавад. Он вақтҳо хони Қуқанд тоҷикони кӯҳистонро ба хидмати аскарӣ қабул мекард. Гулханӣ ба сипоҳи хосси хони Қуқанд Олимхон қабул шуда, дар Фарғона хидмат кардааст.

Муҳоҷират ба Фарғона ва хидмат дар дарбор барои ташаккули ҷаҳонбинии ӯ замина шуда, барои ҳамчун шоири пешқадами давр тарбия ёфтанаш асос гардид. Хидмат ва зиндагии дарборӣ имкон дод, ки вай бо ҳаёти дарбориён, муфтхурӣ ва фисқу фуҷури табақаи ҳукмрон аз наздик шинос шавад. Пас аз вафоти Олимхон Гулханӣ дар хидмати Умархон монда, баъдтар ба саффи шоирони дарборроҳ ёфт. Гулханӣ дар дарбор фақат шоири муқаллид ва маддоҳи хосси амир набуд, балки нисбат ба аҳли дарбор ва табақаи ҳукмрон назари танқидии худро изҳор мекард. То охири умраш Гулханӣ зиндагии фақирона аз сар гузаронид. Ҳамзамон ӯ бо аҳли ҳунар шиносоӣ ва дӯстӣ пайдо карда буд. Ин дӯстӣ, хамкорӣ бо адибони ҳунарманд ба ташаккули ҷаҳонбини ва эҷодиёти шоир таъсири бузруг гузошт. Дар ин чо ӯ забони узбакиро омӯхт.

Гулханӣ бино ба маълумоти Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ бештар ғазалу қасида гуфта, онҳоро дар девоне фароҳам овардааст. Ӯ дар шеърҳояш умеду орзуи мазлумону бечорагонро ситудааст ва аҳли ҷоҳро ба адлу инсоф даъват кардааст. Аз Гулханӣ танҳо 12 ғазал, як қасида ва якчанд шеъри туркӣ дастрас шудаасту бас.

Шоир дар баъзе шеърҳояш «Гулханӣ» дар баъзеашон «Ҷуръат» тахаллус гирифтааст. Дар диёраш чун «шоири кӯҳсор» (бо тахаллуси Фазлии Намангонӣ) ном баровардааст. Намунаи барҷастаи эҷодиёти адиб асари «Зарбулмасал» мебошад.

Намуни ашъор

вироиш

Гӯиё аз парда акси рӯи ёр омад бурун
Ашки шодӣ аз раҳи мижгон қатор омад бурун.
Тоири рӯҳат чу барги бед меларзад ба хеш,
Шаҳрёри ман магар баҳри шикор омад бурун?!
Бишканад машшотаро дасте, ки бар он зулф бурд,
Пеш-пеши шона дил ҷои ғубор омад бурун!
Қиссаи Фарҳоду Ширин маҳз зери хок монд,
Тешаи моро садо аз кӯҳсор омад бурун.
Мисраи рангин ба хотир омадам, пиндоштам,
Юсуфе аз Мисри раъноӣ ду бор омад бурун!

Ҳазратум, аз гушнагӣ мурдум, ба ман нунум бидеҳ,
Кофирум гӯюм агар, инум бидеҳ, унум бидеҳ.
Гандуму мошу биринҷам деҳ, ки даркорӣ ҳамуст,
Ман намегӯям ақиқу лаълу марҷунум бидеҳ.
Аз тиҳидасти агар нӯкар мурад, ҳайф аст,ҳайф,
Эй табиби хозики нукар, ту дармунум бидеҳ.
Ҷумла деҳу нун зи ранҷа фоқа мегардон халос,
Кай туро гуфтум, ки бар ман ганҷи Корунум бидеҳ.
Гулханиро ай қатори баччамардун кам мадон,
Футаву шофам бидеҳ, аспум бидеҳ, тунум бидеҳ.

Адабиёт

вироиш