Гулчеҳра Аҳмадовна Иноятова (тав.26.3.1957, шаҳри Душанбе) — пианинонавози барҷастаи тоҷик, омӯзгор, профессор. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон‎ (1996), профессори кафедраи фортепианои махсуси Консерваторияи давлатии Синяни Чин.

Гулчеҳра Иноятова
Иноятова Гулчеҳра Аҳмадовна
Таърихи таваллуд 26 март 1957(1957-03-26) (66 сол)
Зодгоҳ Душанбе ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) мутриб, пианинонавоз, омӯзгор
Ҷоизаҳо Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон‎ (1996), медали фахрии «Астана»-и Ҷумҳурии Қазоқистон, унвони фахрии «Педагоги Барҷаста» (27 маротиба) (2004-2018)

Зиндагинома вироиш

Гулчеҳра Иноятова соли 1975 мактаби марказии миёнаи мусиқии назди Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковский ва соли 1980 ҳамин консерваторияро бо ихтисоси фортепиано хатм кардааст. Солҳои 1982-1984 ассистент-коромӯз (рӯзона) дар КДМ ба номи П.И. Чайковский маҳорати касбиашро такмил додааст. Устодонаш Н.В. Ширинская, профессор Л.В. Рошина, профессори Т.П. Николаева буданд. Солҳои 1980-1982; 1984-2000 омӯзгори калон, дотсент, мудири кафедраи фортепианои махсуси Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, 2000-03 мудири кафедра (аз с.2002 профессор)-и Институти давлатии мусиқӣ-педагогии Тамбов ба номи С.В.Рахманинов (Россия), 2003-2010 профессори (эксперти хориҷӣ)-и кафедраи фортепианои махсуси Консерваторияи давлатии Синяни Чин. Аз с.2010 то ҳол (2018) профессори кафедраи фортепианои махсуси (эксперти хориҷӣ)-и Университети педагогии Чини Ҷанубӣ кору фаъолият дорад.

Эҷодиёт вироиш

Гулчеҳра Иноятова чун пианинонавоз иҷрокунанда дар иҷрои асарҳои композиторони тоҷик бештар шуҳрат пайдо кардааст. Як миқдор аз ин асарҳо дар фонди Радиои умумииттифоқӣ маҳфузанд. Ӯ бо як зумра дирижёрони шинохта, аз ҷумла, А.Ведерников, Ф.Мансуров, С.Скрипка, З.Ҳақназаров ва диг. ҳамкорӣ намудааст. И. дар кори фестивалҳои мусиқии байналхалқӣ, дарсҳои маҳорат иштирок варзида, аъзои жюрии озмунҳои пианинонавозон дар ИМА, Канада, Гонконг, Чин, Чехия, Россия, Венгрия, Тоҷикистон ва Туркманистон буд.

Ҷоизаҳо вироиш

Бо медали фахрии «Астана»-и Ҷумҳурии Қазоқистон сарфароз гардидааст (1999). Солҳои 2004-2018 барои ғалабаи шогирдонаш дар озмунҳои миллӣ ва байналхалқии пианинонавозон бо унвони фахрии «Педагоги Барҷаста» (27 маротиба) мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ вироиш

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.154-155. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)