Гулшан (деҳа, н. Фархор)

Гулшан — деҳа дар ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор. Аз Гулшан то маркази ноҳия 7 км; роҳ‒асфалтпӯш. Аҳолиаш 5868 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа
Гулшан
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Фархор
Ҷамоат Деҳоти Гулшан
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 5868 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3316
Нишонаи почта 735140

Мардум

вироиш

Қисми зиёди аҳолиаш солҳои 1960-66 бо мақсади обод кардани заминҳои бекорхобида ва рушди пахтакорӣ аз ноҳияи собиқ Шӯрообод, имрӯза Шамсиддин Шоҳин ба ин деҳа кӯчонда шудаанд. Аввилн кӯча дар ин деҳа бо номи Девдор ташкил шудааст, зеро сокинони ин кӯча номи деҳаи худро аз ноҳияи собиқ Шӯрообод, ки он ҳам Девдор ном дошт, дар ин ҷо номгузорӣ намуданд. Пас аз чанд сол, кӯчаи дигар бо номи Хуҷабоғ ташкил гардид. Сокинони ин кӯча низ, бошандагони деҳаи бо ҳамин номи ноҳияи собиқ Шӯрообод буданд. Кӯчаҳои дигари ин ҷамоат бошад, Гулшан ва Олимтой ном доранд. Бошандагони ин кӯчаҳо, аз манотиқи ҷумҳурӣ мебошанд, ки ба ин ҷо омада сукунатро ихтиёр кардаанд. Баъди солҳои 1990 бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ, аз қисми болоии ҷамоат деҳоти Гулшан барои сокинон заминҳо ҷиҳати бунёди хонаҳои истиқоматӣ ҷудо карда шуд ва кӯча ва ё маҳаллаи наве бо номи Алиобод ташкил гардид.

Иқтисод

вироиш

Гулшан мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 16 нуқтаи савдои хусусӣ, қасри фарҳанг, толори кино, 2 сартарошхона, 2 дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, бозор, 2 корхонаи дӯзандагӣ, дукони нонпазӣ, ҳаммоми замонавӣ, мағозаи китобфурӯшӣ, беморхона, 2 осиёби барқӣ ва масҷиди ҷомеъ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ ва пахтакорӣ. Дар ҳудуди деҳа 231 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии «Комил», «Шаҳриёр», «Чилтан» ва «Дашти Ангора» мавҷуд аст. Заминҳо аз дарёи Панҷ тавассути пойгоҳи обкашӣ обёрӣ мешаванд.

Шахсиятҳои маъруф

вироиш

Шоир Гадомад Султонов, сарвари бригадаи хидматнишондода Қудратулло Иззатуллоев, собиқ вакили Шӯрои Олии ИҶШС, механизатори пешқадам ва қаҳрамонмодар Мевагул Ғозиева, собиқадор ва аълочии маориф Одина Пирӣ дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ, ҷавонони зиёди мутаваллиди ин ҷамоат пас аз таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ба мақомҳои баланди касбу ҳунар расидаанд, ки имрӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ шинохта шудаанд. Аз ҷумла аввалин рӯзноманигор аз ин деҳа Ашурзода Саидҷаъфар Ашур мебошад, ки айни замон ҳамчун директори Радиои «FM Ховар»-и АМИТ «Ховар» фаъолият дорад. Рӯзноманигорони дигар Робиямоҳ Назирова ва Моҳлиқо Шарифова низ зодагони ин деҳаи зебо мебошанд.

Адабиёт

вироиш