Гумилёв Лев Николаевич (1 октябр 1912[1][2], Санкт-Петербург[2]15 июн 1992[2][3][4] ё 1992[5], Санкт-Петербург[2]) — таърихнигори рус, мутахассиси ҷуғрофиёи таърихӣ, доктор илмҳои таърих (1961) ва ҷуғрофиё (1974). Писари нависанда ва тарҷумони рус Николай Гумилёв ва Анна Ахматова.

Лев Гумилёв
русӣ: Лев Николаевич Гумилёв
Таърихи таваллуд 1 октябр 1912(1912-10-01)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 июн 1992(1992-06-15)[2][3][4] (79 сол) ё 1992[5]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ таърихнигорӣ, Мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва бостоншиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих[d] (1961) ва доктори илмҳои ҷуғрофиё (1974)
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Nikolaï Kiouner[d] ва Vasily Vasilievich Struve[d]
Шогирдон Gelian Prokhorov[d]
Ҷоизаҳо
Order of the Patriotic War 2nd class Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Medal "For the Capture of Berlin"
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Ленинград (1946). Солҳои 1936—1956 бар асари таъқибот борҳо ҳабсу бадарға шудааст. Соли 1937 дар ҳайати экспедитсияи тиббии Осиёи Миёна дар с-зи «Данғара»-и вилояти Кӯлоби Тоҷикистон беш аз 11 моҳ ба омӯзиши забони тоҷикӣ ва урфу одати мардум машғул буд. Лев Гумилёв дертар ёдовар шуд, ки донистани забони тоҷикӣ минбаъд дар таҳқиқоти таърихиаш оид ба қавмҳои ориёитабори порсҳо ва сакоиҳо (йуҷиҳо, кангуйҳо, кидориён, усуниҳо, массагетҳо ва ғ.) мадад расондааст. Дар экспедитсияҳои Саян, Помир ва Қрим (1930-34), экспедитсияҳои бостоншиносии Саркел (1936-44), Қӯрғони Пазирики Олтой (1949), Ангар (1957) ва экспедитсияи бостоншиносии Эрмитаж дар Астрахан (1957-62) ширкат кардааст. Солҳои 1956-62 дар Эрмитажи давлатии Ленинград ва Ин-ти таҳқиқоти илмии ҷуғрофияи назди Донишгоҳи давлатии Ленинград кор кардааст. Муаллифи зиёда аз 220 асару рисолаи илмӣ. Дорандаи ҷоизаи ба номи А. В. Луначарский (соли 1990, барои асари «Руси қадим ва Биёбони кабир») ва ҷоизаи ба номи Х. З. Тагиеви Ҷумҳурии Озарбойҷон (соли 1992, барои асари «Ҳазор соли атрофи Каспий»). Таҳқиқоти илмии Лев Гумилёв, асосан, ба таърихи тамаддун ва ташаккули халқиятҳои Авруосиё, бештар қавмҳои кӯчии турктабор ва империяи Муғул дар асрҳои 12-14 бахшида шудаанд. Лев Гумилёв бунёдгузори илми этнология — таълимот оид ба категорияҳои биологию иҷтимоӣ будани одамон ва қавмҳои мухталиф мебошад. Ба андешаи Лев Гумилёв таърихи башариятро на танҳо омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, балки пешравиҳои табиии халқиятҳо низ муайян мекунанд. Лев Гумилёв ба омилҳои ҷуғрофиёиву иқлимӣ ва хусусиятҳои манзараи табиии ҳар минтақа диққати ҷиддӣ дода, чунин мешуморид, ки вобаста ба зинаҳои гуногуни тараққиёт омилҳои динӣ, иҷтимоӣ ва ё сиёсӣ дар ташаккули ин ё он халқият нақши аввалиндараҷа мебозанд ва раванди этногенез, яъне, ташаккули халқияту миллатҳо, даврони оғоз, шукуфоӣ ва таназзулро дар бар мегиранд.

Адабиёт

вироиш
  • Гумилёв Лев Николаевич / Б. Абдураҳмонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.