Гунбазӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара. Аз Гумбазӣ то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 4 км, то маркази вилоят 122 км. Аҳолиаш 3190 нафар (2017).

Деҳа
Гунбазӣ
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
Ноҳия Исфара
Ҷамоат Деҳоти Навгилем
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3190 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3462

Иқтисод

вироиш

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 2 сартарошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ, чойхона, масҷиди панҷвақта, 1 осиёби хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Исфара обёрӣ мешаванд. Дар Гунбазӣ кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Гунбазӣ» ва 11 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Ёдгориҳои таърихӣ

вироиш

Гунбазӣ деҳаи қадимист. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди деҳа мақбараи Шайхи Сӯхта, Оромгоҳи Чордара ва Чашмаи Булоқ боқӣ мондаанд. Номи деҳа аз гунбади дар болои мақбара биноёфта гирифта шудааст.

Адабиёт

вироиш