Гунбазӣ
(Тағйири масир аз Гунбазӣ (деҳа, н. Исфара))
Гунбазӣ — деҳа дар ҷамоати деҳоти Навгилеми ноҳияи Исфара. Аз Гумбазӣ то маркази ҷамоат 5 км, то маркази ноҳия 4 км, то маркази вилоят 122 км. Аҳолиаш 3190 нафар (2017).
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | Суғд |
Ноҳия | Исфара |
Ҷамоат | Деҳоти Навгилем |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Минтақаи замонӣ | UTC+5:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 3190 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3462 |
Иқтисод
вироишДеҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, 2 сартарошхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ, чойхона, масҷиди панҷвақта, 1 осиёби хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Исфара обёрӣ мешаванд. Дар Гунбазӣ кооперативи истеҳсолии «Кишоварзони Гунбазӣ» ва 11 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.
Ёдгориҳои таърихӣ
вироишГунбазӣ деҳаи қадимист. Аз ёдгориҳои таърихӣ дар ҳудуди деҳа мақбараи Шайхи Сӯхта, Оромгоҳи Чордара ва Чашмаи Булоқ боқӣ мондаанд. Номи деҳа аз гунбади дар болои мақбара биноёфта гирифта шудааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гунбазӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2