Гурзпартоӣ (Партоби чакуш) — як навъи варзиши сабук, ки аз партофтани асбоби махсуси варзишӣ – гурз ба масофаи дур иборат аст. Гурзпартоӣ аз варзишгар қувва ва мутобиқати ҳаракатро тақозо менамояд. Гурзпартоӣ тобистон дар варзишгоҳҳои кушод бар­гузор мегардад. Гурзпартоӣ ба барномаи Бозиҳои олимпӣ (мардҳо – аз соли 1900, занҳо – аз соли 2000) дохил карда шудааст.

Гурзпартоӣ. Чемпиони Бозиҳои Осиё Дилшод Назаров.
Гурзпартоӣ. Чемпиони Бозиҳои Осиё Дилшод Назаров.

Қоида

вироиш

Гурз гулӯлаи филиззиест, ки ба он занҷири пӯ­ло­дии дастакдор насб карда шудааст. Дарозиаш барои мардҳо – 177–121,5 см, барои занҳо – 116–119,5 см, вазнаш 4 кг. Варзишгар ҳангоми партофтани гурз дар давраи қут­раш 2,135 м қарор гирифта, аз дастаи гурз бо ду дасташ маҳкам дошта, баъди як-ду чархиш онро ҳаво медиҳад. Барои он ки партоби ӯ ба ҳисоб гирифта шавад, вай бояд то ба замин бархӯрдани гурз давраро тарк накунад ва танҳо аз қисмати ақиби давра берун равад. Илова бар ин, гурз бояд ба ҳудуди бо тӯр иҳоташуда афтад. Масофаи партоби гурз аз беруни давра то ҷои афтодани он ҳисоб карда мешавад. Агар дар вақти партоби гурз пои варзишгар берун аз давра гузошта шавад, натиҷаи он беэътибор дониста мешавад. Барои амнияти варзишгарони дигар навъҳои мусобиқа ва тамошобинон кунҷи партоби гурз аз оғоз то имрӯз се бор тағйир дода шудааст; солҳои 1900–60 – 900, аз соли 1960 – 600, имрӯз – 350. Аз ин сабаб гурзпартоӣ аксар вақтҳо дар оғози барномаи варзиши сабук ё дар варзишгоҳи дигар доир мегардад.

Таърих

вироиш

Гурзпартоӣ ҳамчун навъи варзиши сабук дар Шотландия ва Ирландия пайдо шудааст. Нахустин мусобиқаҳои гурзпартоӣ соли 1866 дар Англия баргузор гардидаанд. Аввалин рекорди гурзпартоии он замон 22 м 50 см буд. Қоидаҳои имрӯзаи гурзпартоӣ соли 1877 дар Англия муқаррар карда шудаанд. Дар рушди маҳорат ва шуҳрати гурзпартоӣ саҳми варзишгари ирландӣ Флэнэген, ки соли 1896 ба ИМА муҳоҷир шуда буд, бузург аст. Ӯ се бор (1900, 1904, 1908) чемпиони Бозиҳои олимпӣ шуда, 14 бор рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон, аз солҳои 1950 дар ин навъи варзиш варзишгарони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Маҷористон пешсаф буданд. Солҳои 1976–88 варзишгари машҳури рус Юрий Седих дар Бозиҳои олимпӣ соҳиби 2 медали тило ва 1 медали нуқра гардид. Ӯ 30 августи 1986 дар Штуттгарт гурзро ба масофаи 86 м 74 см партофт, ки то имрӯз баландтарин рекорди ҷаҳонӣ дар гурзпартоӣ мебошад. Имрӯз байни мардон дар гурзпартоӣ варзишгарони Белоруссия, Лаҳистон, Ҷопон ва Словения пешсаф мебошанд. Гурзпартоӣ аз солҳои 1990 дар байни занҳо маъмул гашта, аз соли 2000 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шуд. Имрӯз дар гурзпартоӣ байни занҳо варзишгарони Русия, Куба, Олмон ва Хитой пешсафанд.

Гурзпартоӣ дар Тоҷикистон

вироиш

Варзишгари тоҷик Андрей Абдувалиев дар гурзпартоӣ чемпиони Бозиҳои олимпӣ (Барселона, 1992) ва ду карат (Штуттгарт, 1993; Гётеборг, 1995) чемпиони ҷаҳон шудааст. Варзишгари дигари тоҷик Дилшод Назаров солҳои 2006, 2010, 2014 дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё ғолиб омада, сазовори медалҳои тило гардидааст.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш