Гӯшак — яке аз унсурҳои сози мусиқист. Гӯшак дар қисми болоии дастаи соз ҷой гирифта, барои мустаҳкам кардан ва таранг кашидани тори соз истифода мешавад. Онро, одатан, аз чӯби сахт (тут, зардолу, туғ ва ғайра) месозанд, дарозиаш 6 — 7 см, ғафсиаш аз 1 то 2 см, шаклаш дарозрӯяи қуббадор. Қуббаҳо намуди гуногун доранд. Маҳз., вобаста ба сози мусиқӣ қуббаи он намуди хос дорад. Барои ҷой кардани гӯшак аввал миёнаи тарафи болоии дастаро ба қадри 10 см (бо тӯли дарозиаш) чуқур мекобанд (дар рубоб, тор, ғижак), сипас аз ду тарафи умқаш сӯрох мекунанд. Баъд гӯшакро ба он сӯрох гузошта, нӯги торро ба он мустаҳкам менамоянд. Гӯшак дар амали ҷӯркунӣ аҳамияти бағоят калон дорад. Ҳангоми ҷӯр кардани соз Г.-ро тоб дода, торро таранг мекунанд ва садои ба табъ мувофиқро ҳосил менамоянд. Дар созҳои қадимии мусиқӣ Гӯшак низ чунин мавқеъ ва шакли худро дошт. Вале ҳоло дар созҳои эстрадӣ (гитара, мандолина), инчунин дар созҳои миллӣ дутор, рубоб, ғижжак, найнавоз, танбӯр ва диг. гӯшакҳои филизӣ ва ё пластмасӣ маъмул гаштаанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш