Гӯшмолак
(Тағйири масир аз Гӯшкашак)
Гӯшмолак, гӯшкашак, гӯшталобак
Як навъ бозии халқии бачагонаи тоҷик, ки онро бештар дар ҷашнҳои арӯсиву хатнасур ва Наврӯз барпо мекунанд. Шахси калонсоле дар латтапорае як-ду танга ё тугма ва ё ягон ашёи хурдро мебандад ва онро ба дурӣ ҳаво дода, худаш пинҳон мешавад. Ҳар бозигаре, ки бастаи тангаро ёфта, ба ӯ оварда супорад, соҳиби туҳфаи пулӣ ё молӣ мешавад. Вақте ки як нафар латтаро ёфта, ба сӯйи шахси калонсол давад, дигарҳо ба ӯ монеъ шуда, намегузоранд, ки комёб шавад. Дар саросари кишвар фаъол аст.[1]
Адабиёт
вироиш1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.
Нигаред
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 179