Хатнасур
Хатнасур — маросими суннатии мусулмонон мебошад, ки ба муносибати хатнаи писарбачаи ноболиғ сурат мегирад ва якҷоя бо маъракаву шодмонӣ барпо мешавад. Рӯзи сур волидайн ба соҳибҷашн сару либоси фохир пӯшонида, дастаи навозангдагонро даъват мекарданд ва онҳо бо дафу нақора, сурнаю карнай ячанд соат ба мардуми ба зиѐфат ҷамъомада шодию нишот мебахшиданд.[1][2] Дар оилаҳои мусулмонони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тӯйи хатнасур то ҳоло гузаронида мешавад. Мувофиқи шариати дини ислом, писабачаро то ба балоғат расидан бояд хатна намуд, ба ибораи халқӣ, дасти писарро «ҳалол» мекунанд ва ӯ минбаъд ба қатори мардҳо «шомил» мешавад. Баъзе муҳаққиқон хатнасурро маросими гузариш шумурдаанд. Аз даврони қадим хатнасур дар байни тоҷикон мақоми хосса дошта, ҳамчун як рӯйдоди иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Волидайни писар ба маърака қаблан тайёрӣ дида, хешону наздикон ва меҳмононро даъват менамоянд. Рӯзи тӯй волидайн ба соҳибҷашн либоси наву зебо мепӯшонанд. Ба меҳмонон зиёфат дода мешавад, дар ин ҳангом дастаи мутрибон бо нақораву доира ва сурнаю карнай якчанд лаҳза ҳунарнамоӣ мекунанд. Гоҳе дастаи ҳофизон даъват шуда, рақсу сурудхонӣ барпо менамоянд. Дар гузашта дар ҳошияи хатнасур мусобиқаҳои варзишии бузкашӣ, куштигирӣ ва зарбузӣ (як навъи камонварӣ) ташкил мешудаанд. Пас аз хотимаи зиёфат ва рақсу мусиқӣ маросими хатна сурат мегирад, ки дар он, одатан, хешони наздики хонадон иштирок мекунанд. Амали хатна карданро устои хатнагар анҷом медиҳад, ки ӯ низ қаблан даъват шудааст. Ба хатна кардан бештар устоҳои сартарош ихтисос доранд. Усто бо худ поку ё теғ, найча, пахтаи сӯхта ва дигар лавозимотро оварда, бо ёрии наздикони хонадон амали хатнаро анҷом медиҳад. Ҳамин ки амали хатна поён ёфт, хешутабор ба писари хатнашуда пулу туҳфаҳо медиҳанд, то ки ӯ хурсанд шавад ва дардро ҳис накунад. Тибқи бовару эътиқоди тоҷикон, кӯдакони хатнашударо то чил рӯз танҳо намегузоранд ва дар баъзе мавридҳо дар хонаи хоби ӯ китоби муқаддаси Қуръонро мегузоранд ва ё дар баъзе маҳалҳо зери болишти ӯ сирпиёзу қаламфур мениҳанд, то ки махлуқони фавқуттабиӣ ба писарбача зиён нарасонанд..[3]
Мутобиқи Қонуни Тоҷикистон
вироишҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007. Қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст. Баъд аз 10 соли амали қонуни номбурда баъди муҳокимаи умумихалқӣ дар ҷомеа, мақомоти олии қонунгузори ҷумҳурӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 августи соли 2017) ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 августи соли 2017) Қарор Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул намудаанд.[4]
Тағйиру иловаҳои асосӣ
вироишМоддаи 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Моддаи 9. Хатнасур
- Хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хидматрасонии ҳунармандон гузаронида мешавад.
- Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.
- Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хидматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд.
- Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.
- Падару модар ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда метавонанд аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисоб кушоянд.
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, метавонанд бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
- Тартиби гузаронидани хатнасури хайриявиро мақоми ваколатдор муайян менамояд».[4]
Адабиёт
вироиш- Аҳмадов, Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. –Душанбе: Дониш, 2007.
- Комилзода, Ш. Омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон // Паёмномаи фарҳанг. – 2016. – №3 (35). – С.70–77.
- Раҳимов, Д. Нигоҳе ба ҷашнҳои миллӣ ва ойинҳои суннатии ниёгон. – Душанбе: Истеъдод, 2011.
- Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014
Нигаред
вироишПайвандҳо
вироиш- Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - С. 58-59
- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 81
- ↑ Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 104-105. – 280 с.
- ↑ 4.0 4.1 ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»(тоҷ.). jumhuriyat.tj. 19 марти 2019 санҷида шуд.