Давлати исломии Ироқу Шом

(Тағйири масир аз ДОИШ)

«Давлати исломӣ» (ар. الدّولة الإسلاميّة‎, ад-Давлату-л-Исломия), ихтисоран ДИ, қаблан «Давлати исломии Ироқу Шом» (ар. الدولة الإسلامية في العراق والشام‎ ихтисоран ДОЪИШ (ар. داعش‎) — як созмони байнулмилалии[11] тундрави[12] исломгаро ва пайрави омӯзаи ваҳҳобӣ аз исломи суннӣ.

Давлати исломии Ироқу Шом
ар. الدولة الإسلامية
Парчам ва Парчам[d]
Таърихи таъсис 1999 ва 2006
Логотип
Номи расмӣ ар. الدولة الإسلامية
Номи кӯтоҳ ISIS, ISIL, IS, دَاعِش, EI, EII, EIIL, IS, EIIL, EIIS, IŜIL, IŜIS, ИГ, ИГИ́Л, ІД, ІДІЛ, ІД, IДIЛ, İŞİD, IŞİD, İD, EI, ИД, ИДИЛ, ISIL, ISIS, IS, ΙΚ, ISIL, ISIS, IS, EIIL, EIIS, EI, SI, PI, IPIL, ĞŞİD, ISHID, ID, דאע״ש, ԻԼԻՊ, ԴԱԻՇ, ИМ, ИШИМ, ÏM ва ÏŞÏM
Созмони ҳаросафкан эътироф шудааст, аз тарафи Русия[1], Иёлоти Муттаҳидаи Амрико[2], Сурия, Иттиҳодияи Аврупо, Ироқ, Эрон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷопон[3]
Ҷангҳо
Номида ба шарафи ислом
Бунёнгузор Abu Musab al-Zarqawi[d][4][5] ва Абубакри Бағдодӣ[d][6][7]
Симмати мудирияти созмон Leader of the Islamic State[d]
Раис Abu Hafs al-Hashimi al-Qurashi[d], Abu al-Hussein al-Husseini al-Qurashi[d], Abu al-Hasan al-Hashimi al-Qurashi[d], Абӯиброҳим Ҳошимии Қурайшӣ[d] ва Абубакри Бағдодӣ[d]
House publication Amaq News Agency[d]
Забони расмӣ арабӣ
Матни шиор باقية وتتمدد[8]
Пойтахт Mayadin[d][9]
Гароиш Jihadism[d] ва исломгароӣ[d][10]
Пули миллӣ Islamic State Dinar[d]
Ширкатҳои зермаҷмӯъа Islamic State in Libya[d], Islamic State – Yemen Province[d], Islamic State – Sinai Province[d], Islamic State – Khorasan Province[d], Islamic State – Caucasus Province[d], Islamic State – Najd Province[d], Islamic State – Central Africa Province[d], Islamic State in the Greater Sahara[d], Islamic State in Somalia[d], Sheikh Omar Hadid Brigade[d], Jund al-Khilafah[d], Abu Sayyaf[d] ва Boko Haram[d]
Ба ҷои Islamic State of Iraq[d], Al-Qaeda in Iraq[d], Mujahideen Shura Council[d] ва Jama'at al-Tawhid wal-Jihad[d]
Кишвари созанда
Бо илҳом аз Ibn Taymiyyah[d]
Хештеги ISIS
Тасвири нақшаи мавқеият
Акси чоп/эмблема
Гурӯҳи аъзо Category:Islamic State of Iraq and the Levant members[d]
Душман Combined Joint Task Force – Operation Inherent Resolve[d], Russia–Syria–Iran–Iraq coalition[d], Category:Anti-ISIL factions[d], War against the Islamic State[d], People's Defense Units[d] ва Al-Qaeda[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ин гурӯҳ аз июли 2014 иддаои хилофати ҷаҳонӣ кард ва худро Давлати исломӣ (ар. الدّولة الإسلاميّة‎) номид. Ҳамчунин замоне бахшҳои бузурге аз шимол Ироқ ва шарқи Сурияро бо ҷамъиятҳои 2,8 ва 8 миллиюн нафар ва бахшҳои кӯчакеро дар Либия, Нигерия ва Афғонистон ба тасарруфи худ дароварда буд.

Ин гурӯҳ ба раҳбари Абубакри Бағдодӣ аз муҷоҳидини салафии ҷудошуда аз шабакаи Алқоъида таъсис шуда ва бо давлатҳои Ироқ, Сурия ва дигар гурӯҳҳои шӯришии мухолифи давлати Сурия вориди ҷанг шудааст. ДОИШ яке аз тундравтарин гурӯҳҳои исломгаро дар Ховари Миёна буд. Ин гурӯҳ илова бар Ироқ ва Сурия бахшҳое аз Либия ва Нигерияро низ дар контроли худ даровард. Гурӯҳҳои ҳампаймони ДОИШ дар нуқот дигари дунё мисли Афғонистон ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ низ фаъол ҳастанд.

Таърих

вироиш

ДОИШ чанд марҳалаи муттаҳидшавиро аз сар гузаронда, ба ҳайати худ теъдоди зиёди созмон ва гурӯҳҳои террористиро дохил кардааст. 15 октябри 2006 дар натиҷаи муттаҳид гардидани гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Ироқ, аз ҷумла «ал-Қоида» дар Ироқ ва Анҷумани машваратии муҷоҳидон, созмони «Давлати Исломии Ироқ» («ДИИ») ташкил ёфта буд. Дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ дар Ироқ гурӯҳҳои мусаллаҳи «ДИИ» дар ш. Мавсил, музофоти Бағдод, Анбор ва Диёла ба муқобили ҳукумати марказии Ироқ ва низомиёни ИМА муборизаи мусаллаҳона мебурданд. Роҳбарони ин созмон Абуайюб ал-Мисрӣ ва Абуумар ал-Бағдодӣ буданд. Пас аз сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия (2011), «ДИИ» фаъолияти худро дар хоки Сурия низ густариш дода, аз апрели 2013 ДОИШ ном гирифт. 29 июни 2014 ДОИШ дар бораи ташкил додани хилофати умумиҷаҳонӣ эълон намуд (мақомоти роҳбарикунандааш дар шаҳри ар-Раққаи Сурия). Аз апрели 2010 роҳбари ДОИШ Иброҳим Аввод Иброҳим Алӣ ал-Бадрӣ ас-Сомарроӣ мебошад, ки бо номи Абубакр ал-Бағдодӣ машҳур аст. Теъдоди ҷангиёни ДОИШ қариб 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳайати асосии роҳбарикунандаи дастаҳои низомии ДОИШ-ро собиқ низомиён ва хидматчиёни артиши Саддом Ҳусайн ташкил медиҳанд. Ба ҳайати роҳбарикунандаи ДОИШ ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Шарқи Наздик, Аврупо, ИМА, Руссия ва ғ. дохиланд. Сардори ДОИШ «халифа» маҳсуб шуда, ҳокимияти номаҳдуд дорад. Дар назди «халифа» мақоми машваратӣ – Шӯро фаъолият менамояд, ки аъзои он аз тарафи ӯ таъйин мешаванд. Роҳбарии умури идораи минтақаҳои тобеи ДОИШ-ро дар Ироқ ва Сурия «волӣ»-ён ба уҳда дошта, дар навбати худ «волӣ»-ёни музофотҳо ба онҳо тобеъ мебошанд. Дастгоҳи роҳбарони ДОИШ дар маҳалҳо, бинобар тағйирёбии доимии вазъият, маълум нест. Идораи низомии минтақаҳо аз тарафи Шӯрои низомӣ амалӣ гардида, фаъолияти хадамоти амниятиро Шӯрои кашф роҳбарӣ менамояд. Ҳайати шӯроҳо аз тарафи «халифа» асосан аз ҳисоби собиқ низомиёни артиш ва хадамоти ҷосусии давраи Саддом Ҳусайн таъйин мегардад. Вазифаи Шӯрои кашф таъмини амнияти шахсии «халифа» низ мебошад. Шӯрои ёрии низомӣ ба гурӯҳҳои тарафдори ДОИШ дар кишварҳои дигар ёрии моддӣ ва низомӣ мерасонад. Назорати иҷрои меъёрҳои шариат ва ахлоқи исломӣ аз тарафи Шӯрои ҳуқуқӣ назорат карда мешавад. Ин Шӯро масъулияти ташкили таблиғи ормонҳои ДОИШ-ро дар арсаи байналмилалӣ, даъват ва ҷалби ҷангҷӯёни довталабро ба сафи артиши ДОИШ ба уҳда дорад. Таҳияи қонунҳо ба уҳдаи Шӯрои маъмурӣ вогузор гардидааст. Ҳалли масъалаҳои хоҷагӣ ва иҷтимоӣ, танзими фаъолияти иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ба уҳдаи мушовирони «халифа» вогузор шудааст. Манбаъҳои асосии даромади ДОИШ: фурӯши нафт ва маҳсулоти нафтӣ дар «бозори сиёҳ», ғоратгарӣ, асир гирифтан ва фурӯхтани одамон, тиҷорати ёдгориҳои беназири таърихӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра. Ба ДОИШ сарватмандони калони кишварҳои арабии халиҷи Форс ёрии бузурги молиявӣ ва низомӣ мерасонанд.

СММ ва созмонҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон ДОИШ-ро дар содир кардани ҷиноятҳои сангин ба муқобили аҳолии осуда дар Ироқу Сурия ва кишварҳои дигари ҷаҳон айбдор менамоянд. ДОИШ махсусан ба муқобили курдҳо, ақаллиятҳои мазҳабии язидиҳо, шиаҳо ва насрониёни сокини ду кишвари арабӣ муборизаи оштинопазир мебарад. Мутобиқи маълумоти Созмони ҳифзи ҳуқуқи байналмилалии «Amnesty International», марти 2015 ДОИШ беш аз 3 ҳазор язидӣ, аз ҷумла занон, кӯдакон ва мӯйсафедонро ба асорат гирифта буд. ДОИШ нест кардани ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии то аҳди исломро ҳадафи худ қарор дода, то сентябри 2015 беш аз 700 ёдгории нодири таърихиро дар ҳудуди Ироқ ва Сурия аз байн бурдааст.

ДОИШ ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ

вироиш

ДОИШ аз тарафи аксарияти кишварҳои ҷаҳон (Аврупо, ИДМ, аксарияти кишварҳои Шарқи Наздик ва ғайра) ҳамчун созмони террористӣ шинохта шуда, фаъолияташ мамнӯъ эълон гардидааст[13][14][15][16][17][18].

Барои мубориза ба муқобили ДОИШ эътилофи байналмилалӣ ташкил ёфтааст, ки ба ҳайати он ИМА, кишварҳои узви Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), аксари кишварҳои Шарқи Наздик ва ғайра дохиланд. Ҳарчанд Федератсияи Руссия расман ба ҳайати эътилофи байналмилалӣ дохил нест, аз ибтидои ноябри 2015 бар асоси Созишномаи дуҷониба бо ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия амалиёти низомии худро ба муқобили ДОИШ дар ин кишвар оғоз намуд. ДОИШ фаъолияти худро дар Афғонистон низ созмон додааст. Ибтидои соли 2015 чандин гурӯҳи низомии мухолифи ҳукумати Афғонистон, аз ҷумла бахше аз собиқ ҷангҷӯёни гурӯҳи Толибон, худро тарафдори ДОИШ эълон намуданд. Тарафдорони ДОИШ дар вилоятҳои Қундуз, Нангарҳор, Зобул, Ғазнӣ, Кунар, Нуристон, Ҳилманд, Фароҳ ва ғ. мавҷуданд. ДОИШ дар Покистон низ нуфуз дошта, тарафдорони он ба муқобили артиши давлатӣ меҷанганд.

Тоҷикистон

вироиш

Мувофиқи маълумоти мақомоти қудратии Тоҷикистон то ноябри 2015 ҳудуди 700 шаҳрванди ҷумҳурӣ ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи ДОИШ пайвастанд, ки беш аз нисфашон кушта шудаанд. Майи 2015 Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ДОИШ-ро созмони террористӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ намуд[19]. 24 июни 2015 Парламенти Тоҷикистон ба қонунгузорӣ тағйирот ворид намуд, ки мутобиқи он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар фаъолияти ДОИШ аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ маҳрум мегарданд.

  1. http://www.fsb.ru/fsb/npd/terror.htm
  2. Foreign Terrorist Organizations
  3. 国際テロ組織 世界のテロ組織等の概要・動向 – 国際テロリズム要覧(Web版) – 公安調査庁 (яп.)
  4. https://www.pbs.org/wgbh/frontline/article/who-was-the-founder-of-isis/
  5. https://www.cnbc.com/2016/08/11/who-founded-isis-abu-musb-al-zarqawi-started-the-terror-group.html
  6. https://abcnews.go.com/International/isis-leader-founder-abu-bakr-al-baghdadis-remains/story?id=66591175
  7. https://arabic.cnn.com/middle-east/article/2020/10/27/pompeo-baghdadi-death-anniversary
  8. http://www.washingtoninstitute.org/policy-analysis/view/colonial-caliphate-the-ambitions-of-the-islamic-state
  9. https://russian.rt.com/world/news/400325-el-mayadin-stolica-ig
  10. https://www.verfassungsschutz.de/embed/vsbericht-2019.pdf — С. 206f.
  11. Islamic State in Iraq and the Levant (ISIL). // Encyclopaedia Britannica, 2015-04-21(англ.)
  12. Воробьёв, 2016.
  13. ООН против ИГ Бойгонӣ шудааст 23 апрели 2021  сол. ТАСС, 6 февраля 2016
  14. Решение Бойгонӣ шудааст 8 Декабри 2015  сол. Верховного суда Российской Федерации от 29.12.2014 года № АКПИ 14-1424С: «Международная организация „Исламское Государство Ирака и Леванта“ (ИГИЛ), известная также под названиями „Исламское Государство Ирака и Сирии“, „Исламское государство Ирака и Шама“ (ИГИШ), с лета 2014 г. называется „Исламское государство“. Она образована в 2006 г. в результате слияния радикальных исламистских группировок, которые отпочковались от международной террористической организации „Аль-Каида“. […] На основании изложенного и руководствуясь статьями 194, 195, 198, 245 ГПК РФ, Верховный Суд Российской Федерации решил: заявление Генерального прокурора Российской Федерации удовлетворить: признать международные организации „Исламское государство“ (другие названия: „Исламское Государство Ирака и Сирии“, „Исламское Государство Ирака и Леванта“, „Исламское Государство Ирака и Шама“) и Джебхат ан-Нусра (Фронт победы) (другие названия: „Джабха ан-Нусра ли-Ахль аш-Шам“ (Фронт поддержки Великой Сирии) террористическими и запретить их деятельность на территории Российской Федерации.» (вступило в силу 13.02.2015 года).
  15. Единый федеральный список организаций, в том числе иностранных и международных организаций, признанных в соответствии с законодательством Российской Федерации террористическими. Бойгонӣ шудааст 24 Декабри 2018  сол. // ФСБ России
  16. Security Council concerned about illicit oil trade as revenue for terrorists in Iraq, Syria.(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). United Nations (28 July 2014). 17 августи 2014 санҷида шуд.
  17. Tran, Mark Who are Isis? A terror group too extreme even for al-Qaida.(англ.). The Guardian(пайванди дастнорас — таърих) (11 June 2014). 11 июни 2014 санҷида шуд.
  18. Whitehead, Tom; Con Coughlin. US should launch targeted military strikes on 'terrorist army' Isis, says General David Petraeus.(англ.). The Telegraph(пайванди дастнорас — таърих) (19 June 2014). 31 июли 2014 санҷида шуд.
  19. Ахбороти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористӣ- экстремистие, ки фаъолияташон дар кишвар манъ карда шудаст. sud.tj. 28 май 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш