Давлатбек Абдуллоев

Давлатбек Абдулло́ев (1918, деҳаи Новдонак, Рашт — 2008, ноҳияи Вахш) — пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1949).

Давлатбек Абдуллоев
Таърихи таваллуд 1918(1918)
Зодгоҳ ноҳияи Рашт
Таърихи даргузашт 2008(2008)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Вахш
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1949
Ордени Ленин
Ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II Ордени Ситораи Сурх

Зиндагинома

вироиш

Колхозчии колхози «Роҳи Ленин»-и ноҳияи Октябр (1935 — 42). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1942 — 45), сардори звено ва бригадаи пахтакории колхози «Коммунизм»-и ноҳияи Октябр (1946 — 50). Хатмкардаи (ғоибона) факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1970). Звенои Абдуллоев солҳои 1947 — 48 ҳосили фаровони пахтаи маҳиннах гирифтааст.

Ордену медалҳо

вироиш

Бо орденҳои Ленин, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), «Ситораи Сурх», Шараф (дараҷаи II) ва медалҳои тилову нуқраи НКХХ СССР сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш