Даврон Зиёев (10 октябри 1917, Самарқанд — ?) — ҷуғрофиёдони тоҷик, номзади илмҳои география (1974), дотсент.

Даврон Зиёев
Даврон Зиёев
Таърихи таваллуд 10 октябр 1917(1917-10-10) (107 сол)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ география
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1968), ордени «Нишони фахрӣ»,

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1932—1935 муаллими мактаби ибтидоии ш. Ленинобод, 1935—1936 шунавандаи курси тайёрии Донишкадаи омӯзгории ш. Сталинобод, 1936—1940 донишҷӯи факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко буд. Солҳои 1940—1943 ба ҳайси муаллим, 1943—1948 муаллими калони кафедраи географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Солҳои 1948—1956 муовини директори мактаби ҷумҳуриявии ҳизби коммунистӣ оид ба таълим, 1956—1991 муаллими калон, дотсенти кафедраи заминшиносии умумӣ ва геологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Соли 1991 баъди ба нафақа баромадан якчанд муддат фаъолияти омӯзгорияшро ҳамчун ҳамкор дар донишгоҳи омӯзгорӣ давом додааст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» (1968), ордени «Нишони фахрӣ», якчанд медалҳо, ифтихорномаҳои Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати маорифи ҷумҳурӣ мукофотонида шудааст.

Пайвандҳо

вироиш