Дав Оливия Камерон (англ. Dove Olivia Cameron, ҳангоми тав. Хлоя Селесте Ҳостерман (англ. Chloe Celeste Hosterman; тав. 15 январи 1996[3]) — ҳунарпеша ва овозхони амрикоӣ аст. Ӯ бештар бо нақшҳои худ ба ҳайси Лив ва Мэддӣ дар силсилафилми телевизионии Лив ва Мэддӣ ва силсилафилмҳои "Ворисон", " Ворисон 2" ва "Ворисон 3" маъруф аст, ки дар он нақшҳои асосиро бозидааст.

Дав Камерон
Chloe Celeste Hosterman
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. Chloe Celeste Hosterman
Таърихи таваллуд: 15 январ 1996(1996-01-15)[1][2] (28 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: овозхон, мудел, бозигари синамо, ҳунарпешаи телевизион, ҳунарпешаи театр, ҳунарпеша
Корнома: 2012 — то ҳол
Самт: мусиқии поп
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 4874651
dovecameron.com
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дав Камерон дар оили Филипп Ҳостерман ва Боннӣ Ҷ. Уолас дар Сиэтл, Вашингтон таваллуд шудааст. Як хоҳари калонӣ бо номи Клэр дорад. Дав решаҳои фаронсавӣ[4], русӣ, словакӣ ва венгерӣ дорад[5]. Ӯ дар мактаби миёнаи Сакай дар ҷазираи Бейнбриҷ таҳсил кардааст. Дар синни ҳаштсолагӣ, ӯ дар театри ҷамъиятии Bainbridge Performing Arts ҳунарнамоиро оғоз кард.

Вақте ки Дав чордаҳсола буд, оилаи ӯ ба Лос-Анҷелеси Калифорния кӯчид ва дар он ҷо ӯ дар Хори Чемпионати Миллии [3] мактаби миёнаи Бербанк суруд хонд. Камерон изҳор дошт, ки вай дар тӯли ҳаёти мактабӣ, аз синфи панҷум то охири мактаби миёна мавриди таҳқир қарор гирифт. Новобаста аз фишор дар мактаб, вай ба орзуҳои муваффақияти худ дар дилхушӣ машғул буд: “Ман барои ҳунарпеша ва овозхон шудан хеле дилчасп будам. Ман ба худ комилан ғарқ шудам». Падараш дар соли 2011 дар синни 15-солагии Дав даргузашт[6]. Ӯ номи қонунии худро ба Дав (англ. Кабӯтар) ба шарафи падараш, ки ба ӯ ин лақаб гузоштааст иваз кард[7].

Ҳаёти шахсӣ

вироиш

Аз 6 августи соли 2013 ӯ бо шарики худ дар сериали телевизионии Лив ва Мэддӣ Райан Маккартан вохӯрӣ мекард. 14 апрели соли 2016 ҷуфти ҳамсарон издивоҷи худро эълон карданд[8], аммо дар моҳи октябр онҳо онро бекор карданд ва аз ҳам ҷудо шуданд [9] .

Аз моҳи декабри соли 2016 то 2020, ӯ бо ҳамсари худ дар силсилаи филмҳои Ворисон ва силсилаи телевизионии Ситораи қутбӣ Томас Доэртӣ[10][11][12][13] вомехӯрд.

Филмнома

вироиш
Сол Номи тоҷикӣ Номи аслӣ Нақш
2012 с Беҳаёҳо(рус.) Shameless Ҳоллӣ Ҳеркимер
2012 с Менталист(рус.) The Mentalist Шарлотт Энн Ҷейн
2012 тф Bits and Pieces Аланна
2013 с Кантрӣ дар Малибу(рус.) Malibu Country Сиенна
20132017 с Лив ва Мэддӣ Liv and Maddie Лив Рунӣ / Мэддӣ Рунӣ
2014 тф Абр 9(рус.) Cloud 9 Кайла
2014 с Остин ва Эллӣ(рус.) Austin & Ally Боббӣ
2015 ф Хатарнок(рус.) Barely Lethal Лиз Ларсон
2015 тф Ворисон Descendants Мэл, духтари Малефисента
2015 тф Монстервилл R.L.Stine’s Monsterville: The Cabinet of Souls Бет
2015 с Disney Monstober ношиносе бо ниқоб / дар нақши худ
20152017 ст Ворисон: Дунёи золимин(рус.) Descendants: Wicked World Мэл, духтари Малефисента
2016 ст Марди анкабӯтии мукаммал(рус.) Ultimate Spider-Man Гвен Стейсӣ / афсари пӯлис
2016 тф Лак барои мӯй(рус.) Hairspray Live! Эмбер фон Тассл
2017 тф Ворисон 2(рус.) Descendants 2 Мэл, дочь Малефисенты
2017 с Ситораи қутбӣ(рус.) The Lodge Ҷесс
2018 с Агенты «Щ.И.Т.» Agents of S.H.I.E.L.D. Рубӣ Ҳейл
2018 с Ман моҳтоб Soy Luna дар нақши худ
2018 ст Нуфузи Marvel: Ташаббус(рус.) Marvel Rising: Initiation Гвен Стейсӣ / Зани анкабӯтӣ
2018 ф Кулча Dumplin Бека
2018 с Энҷӣ Трайбека Angie Tribeca Грейс
2019 тф Ворисон 3(рус.) Descendants 3 Мэл, духтари Малефисента
2019 тас Филми Angry Birds 2(рус.) The Angry Birds Movie 2 Элла
2021 с Шмигдаун(рус.) Schmigadoon! Бетси Макдонау
  1. Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
  2. GeneaStar
  3. 3.0 3.1 Liv and Maddie. 8 августи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 ноябри 2013.
  4. Dove Cameron. To my loves like: 'thought u were born in Seattle not France!1' I was! I'm French, I speak French, & I grew up going there a lot. Das all.(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). @DoveCameron (1 January 2014). 8 августи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 октябри 2019.
  5. ♡DOVE♡ в Instagram: «for those of you who always ask: i am of russian/slovak/hungarian/french descent 🇷🇺 🇸🇰 🇭🇺 🇫🇷»(рус.)(пайванди дастнорас — таърих). Instagram. 8 августи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 августи 2020.
  6. Stehanie Osmanski. EXCLUSIVE: 5 SURPRISING FACTS ABOUT 'LIV & MADDIE' STAR DOVE CAMERON!. M Magazine (4 октябри 2013). 8 августи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2013.
  7. Celebrity News: Dove Cameron(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). Glancer Magazine. 8 августи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 августи 2018.
  8. WATCH: Engaged Couple Ryan McCartan and Dove Cameron Make Us Swoon with 'Someone You Like' Lyric Video(англ.). Karen Mizoguchi(пайванди дастнорас — таърих). People. 8 августи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 августи 2019.
  9. Mike Vulpo. Dove Cameron and Ryan McCartan Call Off Their Engagement(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). E! Online (5 October 2016). 8 августи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 августи 2019.
  10. Dove Cameron kisses boyfriend Thomas Doherty on Two Wolves(пайванди дастнорас — таърих). Mail Online (5 сентябри 2018). 13 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 май 2019.
  11. McKenna Aiello. Dove Cameron and Thomas Doherty Celebrate One-Year Anniversary: Look Back at Their Sweetest Moments(пайванди дастнорас — таърих). m.eonline.com (8 Декабри 2017). 8 августи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2019.
  12. Meg Swertlow. Dove Cameron Says She's Going to Marry Boyfriend Thomas Doherty | E! News UK(пайванди дастнорас — таърих). m.eonline.com (15 апрели 2018). 8 августи 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 апрели 2019.
  13. «Это было тяжелое решение»: Дав Кэмерон подтвердила разрыв с Томасом Доэрти. www.popcornnews.ru(пайванди дастнорас — таърих). 7 Декабри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 Декабри 2021.

Пайвандҳо

вироиш