Силсилафилм
Силсилафилм (Сериал, филми сериалӣ ё филми бисёрсериягӣ) — аслан тавсифи хусусияти аудиовизуалӣ мебошад, ки дар телевизион бо қисмҳои пай дар пай пахш мешавад ва ҳар кадоми онҳо ягонагӣ ва муттасилии сюжетро нигоҳ медорад ва ё ҳадди аққал мавзӯъҳои қаблӣ ва баъдӣ алоқаманданд. Силсилафилм метавонад аз як ё якчанд фаслҳо иборат бошад.
Хусусиятҳо
вироишҲадафи ҳамаи силсилафилмҳо ҷалби тамошобин ба экранҳо барои муддати тӯлонӣ ва нигоҳ доштани таваҷҷуҳи онҳо тавассути қисмҳои пайдарпай мебошад. Бисёр силсилафилмҳои пайдарпаӣ аз ибтидо то қисми охир мазмуни такрорӣ доранд. Чунин қисматҳои печ дар печ аз ҷониби тамошобинон талаботи зиёд дорад. Ин ба бинанда имкон медиҳад, ки ҳар ҳафта интизори қисмати нав шаванд[1][2].
- Мавсимҳо
- Рекап
- Клиффҳэнгер
- Хандаи пасикадрӣ дар комедияи ҳолат
Хусусиятҳои таҳрир
вироишҲангоми тадвини силсилафилмҳо ва филмҳои телевизионӣ, блокҳои таблиғотӣ дар ҷои махсуси пахши шабакаҳо ҷой карда шуданд, ки дар лаҳзаи муайян таваққуф карда мешавад ва пас аз таблиғот идомаи сабт гузошта мешавад.
Намудҳои гуногун
вироиш- Филмҳои телевизионии бисёрсериягӣ (ин истилоҳ дар Олмон истифода мешуд ва инчунин дар Русия то соли 1993 истифода шудааст, дар Британияи Кабир истилоҳи serial истифода мебаранд) - сужаи комил доранд[3], ки қисмҳо байни ҳамдигар алоқамандании зич доранд[4]. Натанҳо филмҳои бисёрсериягӣ балки Soap opera низ дар гурӯҳи силсилафилм дохил мешавад[5][6][7].
- Силсилафилмҳои хурд (масалан, "Чернобил", "Ҳетфилдҳо ва Маккойҳо", "Решаҳо"[8]) - дорои сужаи мукаммал бо пайвастагии қавии байни қисматҳо ва аз якчанд қисм иборат мебошанд. Солҳои 1980 ва 1990 дар Аврупо васеъ истеҳсол мешуд.
- Теленовеллаҳо (масалан, "Ҳамсон", "Тилисми зебо", "Тақдири як фаришта") сужаи мукаммал дорад[9], ки бо қисматҳо байни ҳамдигар алоқамандии зич доранд, аммо назар ба силсилафилмҳои хурд, бисёрқисма мебошанд. Онҳо дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ васеъ истеҳсол мешаванд.
- Дорамаҳо (Як литр ашк, GTO, Гокусэн- сужаи мукаммал доранд (чун қоида, ҳар як дорама як мавсимро ташкил медиҳад, баъзан мавсими дуввум ё филми алоҳидаи телевизионӣ, ки дар бораи ҳаёти қаҳрамонҳои асосӣ сарчашма мегирад, идома меёбанд[10]) қисмҳо алоқаманд мебошанд, ки шумораи қисмҳо метавонанд шумораи қисмҳои силсилафилмҳои хурд ё бештар аз он бошад вале аз теленовела камтар мебошанд. Дорамаҳо танҳо дар Ҷопон истеҳсол мешаванд[10].
- Силсилаи филмҳои бисёрқисмаи телевизионӣ (масалан, "Саргузаштҳои Шерлок Холмс ва Доктор Ватсон", "Роҳзанони баҳри Қариб") - аз филмҳое иборат мебошад, ки ҳар як филм сужаи ҷамъбастӣ дошта миёни қисмҳо алоқаи заиф мебошад.
- Операҳои собунӣ (масалан, Санта Барбара) сужаи кушода дорад[9] ва алоқаи зич байни қисматҳо мавҷуд мебошад ва қисмҳои номаҳдуд доранд. Дар ИМА ба таври васеъ истифода мешаванд. Миёнаҳои солҳои 1980-ум, баъзе кишварҳои Аврупо, тақлид ба операҳои собунии ИМА намуда, ба наворгирии операҳои собунии худ шурӯъ карданд.
- Силсилафилмҳои эпизодӣ (қисмӣ) (ин истилоҳ асосан дар Олмон васеъ паҳн шудааст - Episodenserie) ё силсилафилмҳои телевизионӣ (television series). Онҳо дар Иёлоти Муттаҳида сарчашма гирифтаанд ва аз миёнаҳои солҳои 1980-ум дар кишварҳои Аврупо паҳн гаштаанд. Якчанд навъҳо мавҷуданд:
- Силсилафилмҳои уфуқӣ[11][12] (масалан "Дар орзӯи падар", "Беҳуда хорам мекунӣ", "Ширин") - ҳар як мавсим сужаи ҷамбастӣ дорад. Алоқаи байни қисмҳо зич буда, иртибот байни фаслҳо нисбат ба филмҳои бисёрқисма заифтар аст, аммо нисбат ба силсилаи филмҳои телевизионӣ қавитар мебошанд. Шумораи қисмҳо дар ҳар мавсим ё ба миқдори қисмҳои силсилафилмҳои хурд баробар аст ё зиёдтар аз онҳо, вале камтар аз филмҳои бисёрқисма, шумораи фаслҳо бемаҳдуд мебошад.
- Силсилафилмҳои амудӣ[11][12]
- Драмаҳои қоидавӣ (масалан "Номаҳои гумшуда", "Қувваҳои марговар") - ҳар як қисм сужаи мукаммал дорад, робитаи байни қисматҳо заиф мебошад[13][14]. Сужаҳои байни фаслҳо каме ҷамъбастӣ мебошанд. Қисмҳо дар як мавсим назар ба силсилафилмҳои хурд зиёдтар, аммо нисбат ба мавсимҳои операи собунӣ камтар мебошанд.
- Комедияҳои вазъиятӣ (Ситком) (масалан, "Парастор Ҷесӣ", "Викториё-ғолиб") - ин низ ба мисли драмаҳои қоидавӣ, ҳар як қисм сужаи ҷамъбастӣ дошта, байни қисмҳо алоқаи зич мебошад, аммо сужаи драмавӣ не, балки ҳаҷвӣ доранд.
- Силсилафилмҳои шабоҳат - ҳар як эпизод сужаи комил дорад, ки миёни қисмҳо ва ва қаҳрамонҳои ҳар як қисм алоқаи заиф мебошад.
Таърих
вироишАввалин силсилафилми телевизионӣ Faraway Hill ном дошт. Он дар муддати кӯтоҳ аз моҳи октябр то декабри соли 1946 пахш шудааст, ки ҳар як қисм дар шакли мустақиман нишон дода шудааст (ва аз ин рӯ ҳеч чиз аз он сабт вуҷуд надорад - сабти видеоӣ баъдтар пайдо шудааст).
Таъсир ва танқид
вироишЯк пажӯҳиши илмии ахир мегӯяд, ки тамошои силсилафилмҳои баландсифат зеҳни эҳсосро меафзояд[15].
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Alessandra Stanley. Smile and Smile and Still Be a Villain. The New York Times (24 июля 2007). 21 Январ 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2013.
- ↑ Glen Creeber. Serial television: big drama on the small screen. — BFI Publishing, 2004. — 184 с.
- ↑ Сериал как феномен массовой культуры. 19 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 Декабри 2020.
- ↑ Дифференциация игровы х телефильмов в сериях в контексте современного телевидения(пайванди дастнорас)
- ↑ Программа передач на 3-5 июня 1992 года
- ↑ Программа передач на 1-й канал Останкино
- ↑ Программа передач на 1-3 января 1992 года
- ↑ Энциклопедия кино, ст. «Телевизионное кино»
- ↑ 9.0 9.1 The Power of Telenovela
- ↑ 10.0 10.1 Что такое дорамы и с чем их смотрят?. 19 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 июли 2020.
- ↑ 11.0 11.1 Дифференциация игровых телефильмов в сериях в контексте современного телевидения(пайванди дастнорас)
- ↑ 12.0 12.1 Das Gesetz der Serie
- ↑ James Poniewozik. I Have Seen Dollhouse. Time (4 декабря 2008). 21 Январ 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2013.
- ↑ Bill Carter. As Talent Flees to Cable, Networks Fight Back. The New York Times (13 мая 2012). 21 Январ 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2013.
- ↑ Сериалы как путь к себе Бойгонӣ шудааст 19 ноябри 2015 сол. // Psychologies, 2015