Далер Қодирзода
Далер Қодирзода (Қодирзода Далер Сайфулло; тав. 17 феврали 1990, деҳаи Гулзор, ноҳияи Ховалинг) — ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Қодирзода Далер Сайфулло | |
Таърихи таваллуд | 17 феврал 1990 (34 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ховалинг, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ҳуқуқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2020) |
Зиндагинома
вироишХатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012). Аз соли 2013 ба ҳайси ассисенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Соли 2013 тибқи роҳхатти Маркази барномаҳои байналмилалии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатӣ-ҳуқуқии ш. Маскави Русия ба номи О. Е. Кутафин (МГЮА) дохил шуд. Соли 2017 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар: методикаи махсуси тафтишии он» ҳимоя кард. Баъди ҳимояи рисолаи номзадӣ, ҳамчун дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ фаъолияти худро идома дод (2017—2020). Аз соли 2020 декани факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[1].
Ҳамзамон, ба ҳайси коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад (аз соли 2019). Қодирзода Далер муаллифи китоби дарсӣ, монография, дастурҳои таълимӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмӣ мебошад.
Унвону ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2020)
Эзоҳ
вироиш- ↑ Қодирзода Далер Сайфулло декани факултети дипломатия ва сиёсат.. 24 феврали 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 23 апрели 2021.