Даргирӣ дар марзи Қирғизистон-Тоҷикистон (2022)

Даргирӣ дар марзи Қирғизистон-Тоҷикистон дар соли 2022 — даргирие миёни нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистону Тоҷикистон аст, ки рӯзи 14 сентябр дар остонаи нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд оғоз шуда, то 19 сентябр идома кард.

Даргирӣ дар марзи Қирғизистон-Тоҷикистон
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ин даргирӣ бузургтарин ва хунинтарин дар таърихи кашмакашҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар марз ба шумор меравад. Ин задухӯрдҳо бо истифодаи густурдаи системаҳои мушакҳои сершумор (РЗСО Град, Ураган), паҳподҳо, зарбаҳои мушакӣ ба шаҳрҳои марзии Бодканд ва Исфара нигаронида шуда буд. Ба гуфтаи мақомоти Қирғизистон, дар ҷараёни даргириҳо 59 нафар аз ҷониби Қирғизистон кушта шуда, тақрибан 140 ҳазор нафар тахлия карда шуданд[1]. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Тоҷикистон 41 нафар ба ҳалокат расидаанд[2] . Радиои Озодӣ рӯйхати кушташудагони ҷониби Тоҷикистонро нашр кард[3]. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар набардҳо беш аз 200 сарбози тоҷик кушта, ҳудуди 400 нафар захмӣ шудаанд[4] . Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, дар тӯли 12 соли ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 230 ҳодисаи истифода аз силоҳ рух додааст[5] .

Пешзамина

вироиш

Қирғизистон ва Тоҷикистонро 984 километр марзи давлатӣ аз ҳам ҷудо мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҳудудан нисфи хатти марз аломатгузорӣ нашудааст ва ба ин далел сокинони марзии ҳарду кишвар бо мушкили дастрасӣ ба об, чарогоҳ ва роҳҳо рӯбарӯ ҳастанд. Ҳудудҳои баҳсбарангез дар дарозии тақрибан 30 % сарҳади байни ду кишварро ташкил медиҳанд[6].

Нигаред низ

вироиш