Деҳистони Оқтурпоқ

Деҳистони Оқтурпоқ (қирғ. Ак-Турпак айыл аймагы) — воҳиди маъмурӣ-ҳудудӣ дар ноҳияи Қадамҷойи Ҷумҳурии Қирғизистон аст. Он аз деҳаҳои Жанижер, Оқтурпоқ, Жаштилек, Қалъача, Қаротумшуқ, Келечек, Қизил-Қӯрғон, Мингчинор, Уруқзар, Утукчӣ, Сариқамиш, Токой, Чоғороқ, Чонқара иборат аст. Маркази маъмурӣ — деҳаи Жанижер[1]. Аҳолӣ — 17259 нафар (соли 2020)[2].