Ноҳияи Қадамҷой (қирғ. Кадамжай району) — яке аз се ноҳияи маъмурии вилояти Бодканди Қирғизистон аст. Маркази маъмурии ноҳия — шаҳри Қадамҷой (то соли 2012 маркази маъмурӣ деҳаи Пӯлғон буд).

Ноҳияи Қадамҷой
русӣ: Кадамжайский район
Кишвар  Қирғизистон
Тобеъи Вилояти Бодканд
Шомили 2 шаҳр, 13 деҳистон
Маркази маъмурӣ Қадамҷой
Таърих ва ҷуғрофиё
Вақти минтақавӣ UTC+6:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 201 457 нафар (2021)
Миллият

қирғизҳо — 74,9%
тоҷикон — 12%
ӯзбекҳо — 11.93%

русҳо — 0,4%
Мазҳаб мусулмонон
Ноҳияи Қадамҷой дар харита

Ҷуғрофия

вироиш

Дар ғарб бо ноҳияи Сӯх — эксклави Узбакистон ва ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд, дар шарқ ва ҷануб бо вилояти Ӯши Қирғизистон, дар шимол бо ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст.

Таърих

вироиш

2 марти соли 1938 хамчун ноҳияи Холмиён ташкил карда шудааст. 19 октябри соли 1940 он ба ноҳияи Фрунзе табдил дода шуд. 26 ноябри соли 1959 як қисми ҳудуди ноҳияи барҳам додашудаи Учқӯрғон ба ноҳияи Қадамҷой ҳамроҳ карда шуд [1]. Соли 1992 ноҳия номи замонавии худро – ноҳияи Қадамҷой гирифт.

Аҳолӣ

вироиш

Тибқи барӯйхатгирии Қирғизистон дар соли 2009 аз 157 597 нафар сокинони минтақа 116 312 нафарро қирғизҳо (ё 73,8%), тоҷикон — 19448 нафар ё 12,3%, узбакҳо — 19163 нафар ё 12,2%, русҳо — 1239 ё 0,8%, туркҳо — 318 нафар ё худ 0,2%, тоторҳо — 245 кас ё 0,2 фоиз, хемшилҳо — 232 кас ё 0,2%-ро ташкил медиҳанд.

Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ

вироиш

Ноҳияи Қадамҷой 2 шаҳри дорои аҳамияти ноҳиявӣ (шаҳристон), 13 деҳистон (аймоқи овулӣ) ва 115 деҳаро (овулро) дар бар мегирад [2].

Тақсимоти маъмурии ноҳия
Маҳалли аҳолинишинАҳолӣ,
2022
Шумораи деҳаҳо
1Шаҳри Ҳайдаркон12205-
2Шаҳристони Қадамҷой143123
3Деҳистони Абсамат Масалиев152678
4Деҳистони Алға97118
5Деҳистони Бирлик1424913
6Деҳистони Оқтурпоқ1725914
7Деҳистони Қӯтӯрма1113910
8Деҳистони Майдон1460213
9Деҳистони Марказ164816
10Деҳистони Ӯрӯзбеков139717
11Деҳистони Учқӯрғон3701112
12Деҳистони Холмиён2152513
13Деҳистони Қирғизқишлоқ97635
14Деҳистони Совет15281
15Деҳистони Чаувай16401