Деҳи Нав — деҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Деҳинав то маркази ноҳия 13 км. Аҳолиаш — 1009 нафар (2020[1]; 813 нафар — 2017)[2], тоҷикон.

Деҳа
Деҳи Нав
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Мирзо Ризо
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 813 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Мардум

вироиш

Мардуми Деҳи Нав соли 1952 аз деҳаҳои Искич ва Истонии Ҷамоати Хонақоҳи Кӯҳии ноҳия ба деҳоти Мирзо Ризо муҳоҷир шуда омадаанд. Бинобар дар макони нав бунёд шудани деҳа онро чунин номгузорӣ кардаанд. Дар байни мардум номи деҳаро Муҳоҷирон ва Гулистон низ мегӯянд[3].

Иқтисод

вироиш

Дар ҳудуди Деҳи Нав мактаби асосии № 83, беморхонаи ноҳиявии № 1, идораи ҷамоат, идораи хоҷагии «Баракати чорводор», 8 дӯкону мағоза, нуқтаи фурӯши гази моеъ, нонвойхона мавҷуд аст[3].


  1. Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. 3.0 3.1 Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 237