Деҳқонобод (деҳа, н. Ҳисор)
Деҳқонобод — деҳа ва маркази ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор. Аз Деҳқонобод то маркази ноҳия 1 км. Аҳолиаш — 1578 нафар (2022[1]; 1359 нафар — 2017)[2], тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Деҳқонобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 1359 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Ҷуғрофиё
вироишАз маркази Деҳқонобод роҳи калони мошингарди Ҳисор-Душанбе мегузарад. Канали калони Ҳисор Деҳқонободро аз деҳаи Хоҷамӯсо ва шаҳри Ҳисор ҷудо мекунад.
Мардум
вироишДеҳқонобод 1208 хоҷагӣ ва 1265 нафар аҳолӣ дорад, ки қисме солҳои 30-юм аз Фарғона муҳоҷир шуда омадаанд. Мардум асосан ба сабзавоткориву савдогарӣ машғуланд. Барои зироаткорӣ аз оби дарё Чангоб истифода мебаранд, оби нӯшокӣ ба воситаи насоси обкашӣ таъмин карда мешавад.
Иқтисод
вироишДар Деҳқонобод як маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ, ду масҷиди панҷвақта амал мекунанд, маркази хидматрасонии техникии худравҳо ва нуқтаи фурӯши газ мавҷуд аст, хоҷагии деҳқонии «Азиз-94» фаъолият мекунад[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод – hisor.tj (tj). 15 октябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 237