Ҷамоати Мирзо Турсунзода — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.
Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзода (собиқ
Қарамқул), ҷамоат дар ноҳияи Ҳисор. Аҳолиаш 19752 нафар.
ҷамоат дар масофаи 5 км аз маркази ноҳияи Ҳисор дар
деҳаи Меҳробод (собиқ Қарамқул) дар паҳлуи роҳи
автомобилгарди Ҳисор-Чептура (ноҳияи Шаҳринав)
воқеъ гардидааст. Ҷамоати аз шим. ғарб бо [[Ҷамоати Мирзо
Ризо]], шим. шарқ бо Ҷамоати Навобод, аз шарқ бо шаҳри Ҳисор,
аз ғарб бо ноҳияи Шаҳринав ва аз ҷануб бо Ҷамоати Ҳисор
ҳамсарҳад аст. Масоҳати умумии ҷ.д. 87323 гектар
аст. Ҷамоат соли 1932 ташкил ёфтааст. Дар ҳудуди ҷамоат 3
хоҷагии калони кишоварзӣ: ҶДММ-и «20 солагии
Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон-1», хоҷагии
«Офтобрӯя», хоҷагии «Юсуф» ва 450 хоҷагиҳои хурди
деҳқонӣ фаъолият доранд. Дар ихтиёри хоҷагиҳои
калон 326 га замини обӣ ва 1068 га лалмӣ мавҷуд
аст. Дар ихтиёри хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ 898 га
замин ҳаст, ки 179 га-ро боғзор ташкил мекунад.
Заминҳои наздиҳавлигии аҳолӣ 404 га буда, 281 га обӣ
аст. Дар ҳудуди ҷамоат — деҳаҳои Меҳробод (Қарамқул),
Кишоварз (Умакай), Баракат (Авзикент), Даҳбед
(Комсомол), Намуна (Янгиобод), Саховат (Аскари
Сурх), Равшандилон (Октябр), Чаманзор (Правда),
Садоқат (Сотсиализм), Ҳалқадашт (Умакайи Боло),
Хайробод (Қайрағоч), Ҳакимӣ (Авзикенти Боло) ва
Оҳангарон (МТС) мавҷуд буда, дар онҳо 3118 хоҷагӣ
ба сар мебаранд. Дар ҷ.д. 3 мактаби миёна, 6 асосӣ,
3 ибтидоӣ, 3 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ,
маркази фарҳангу фароғатӣ, китобхонаи марказӣ,
2 масҷиди ҷомеъ ва 7 масҷиди панҷвақта фаъолият
доранд. Дар ҳудуди ҷ.д 25 дӯкону мағоза, 8 осиёби
барқӣ, 1 корхонаи коркарди пахта мавҷуд аст.[1]
- Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
- Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
- С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 557—558