Деҳоти Ҳисор

(Тағйири масир аз Ҷамоати Ҳисор)

Ҷамоати Ҳисор — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад. Ҷамоати деҳоти Ҳисор дар маркази шаҳри бостонии Ҳисори Шодмон, дар масофаи 6 км аз маркази ноҳияи Ҳисор ҷойгир шудааст.

Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Ҳисор
Парчам
Парчам
40°43′49″ с. ш. 70°09′25″ в. д.HGЯO
Кишвар  [[|]]
минтақа НТҶ
ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Деҳоти Ҳисор дар харитаи
Деҳоти Ҳисор
Деҳоти Ҳисор

Мавқеъи ҷуғрофӣ ва таърих

вироиш

Ҷамоат дар доманакӯҳи Уртабуз ва Боботоғ, дар баландии 700—900 м аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, 29 январи соли 1932 аз кенти Ҳисор ба ҷамоат табдил дода шудааст. Номи пештараи он Шумон — аз забони қадимаи паҳлавӣ маънои пешонаи замин, баландӣ ва теппаро дорад. Таърихи номи арабии Ҳисор гирифтани Шумон чунин аст: Арабҳои бодиянишин овозаи сарсабзу хуррам будан ва аз чор қисматаш ҷорӣ шудани чор рӯдхонаи мусаффоро шунида, орзу мекунанд, ки то зудтар ин мавзеъро забт намоянд. Вақте ки дар авали асри У111 диёри Шумонро забт менамоянд, дар ҳақиқат мебинанд, ки ин сарзамин макони биҳиштосо ва аз чор тарафаш дар ҳисор (яъне дар иҳотаи кӯҳҳо) аст, фарёд мекашанд: — Мо ба Ҳисор расидем! Аз ҳамин давра номи паҳлавии Шумон ба номи арабии Ҳисор табдил меёбад. Ҳисордар гузашта маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии Бухорои Шарқӣ ба ҳисоб мерафт. Эъломияи ташкилёбии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар пойгаҳи дарвозаи Арки Қалъаи Ҳисор қироат карда шудааст. Бо қарори ММ МО ҶТ аз 5 июни соли 2008, аз ҳисоби хурдкунии ҳудуди Ҷамоати Ҳисор дар марзи 7 деҳа Ҷамоати Ориён таъсис дода шуд. Дар ҳудуди Ҷамоати Ҳисор 25 деҳа воқеъ аст: Ҳисор, Чашмаи Моҳиён (Якуми Май), Ҳаёти Нав, Навбунёд, Навбаҳор, Наврӯз, Гулмайдон, Насаф, Ӯзбекистон, Бӯстон, Ҳуснобод, Сунбула, Боғ, Куҳнабой, Равшан, Шерхонӣ, Иттифоқ, Гулханӣ, Кончӣ, Хушманзар (Заря Востока), Ҷорубсой, Булбулчашма, Мавлошариф (Қизилқишлоқ). Ҷамоат аз ғарб бо Ҷамоати Деҳқонобод, аз шимол бо Ҷамоати шаҳраки Шарора ва аз ҷануб бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад.

Хоҷагиҳoи кишоварзӣ

вироиш

Масоҳати умумии заминҳои наздиҳавлигӣ 1165 га, масоҳати умумии заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон 450 га, масоҳати умумии заминҳои ёрирасони шахсӣ 91 га, масоҳати умумии заминҳои ҶДММ ба номи Абдурауф Юсуфов 2150 га, аз ин: заминҳои корам969 га; заминҳои чарогоҳ-50 га; заминҳои дарахтони бисёрсола-51 га; зери об-139 га; зери роҳ-4 га; дигар заминҳо-936 га, масоҳати умумии заминҳои хоҷагии таҷрибавии «Сумбула» 920 га, аз ин: заминҳои корам-238 га; заминҳои чарогоҳ-50 га; заминҳои дарахтони бисёрсола-53 га; зери об-67 га; зери роҳ — 14 га; дигар заминҳо-498 га, масоҳати умумии заминҳои ҶДММ «50-солагии Октябр» 336 га, аз ин: заминҳои корам-243 га; заминҳои дарахтони бисёрсола-2 га; зери об-33 га; зери роҳ-25 га; дигар заминҳо-33 га мебошанд.

Бахшбандии иқтисодӣ-иҷтимоӣ

вироиш

Дар ҳудуди ҷамоат 6 мактаби миёнаи умумӣ, 5 мактаби асосӣ, литсейи ноҳиявии ба номи Собири Шоҳонӣ, гимназия, мадрасаи мутаввасита, муассисаи томактабӣ, 3 хоҷагии калону 100 хоҷагии хурди кишоварзӣ, 3 корхонаи истеҳсоли хишт, 4 корхонаи коркарди регу санг, корхонаи истеҳсоли пенопласт, корхонаи дару тирезаю симтӯрбарорӣ, 5 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона, Мамнуъгоҳи фарҳангии Ҳисор, 2 масҷиди ҷомеъ ва 41 масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои тиҷоратӣ, китобхонаҳо, маркази фарҳангӣ мавҷуданд.[1]


Деҳаҳои ҷамоат

вироиш
Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2022)
Ҳисор 320000
Чашмаи Моҳиён
Ҳаёти Нав
Навбунёд
Навбаҳор
Наврӯз
Гулмайдон
Насаф (деҳа)
Ӯзбекистон
Бӯстон
Ҳуснобод
Сумбула (деҳа)
Хушманзар
Кончӣ
Гулханӣ
Иттифоқ
Шерхонӣ
Равшан
Куҳнабой
Боғ
Булбулчашма
Мавлошариф
Ҷорубсой

Адабиёт

вироиш
  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова, М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

Пайнавиштҳо

вироиш
  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 559—660