Исматуллоев Дилшод Абдуғафорович — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V[1]

Дилшод Исматуллоев

Зиндагинома

вироиш

Дилшод Абдуғафорович Исматуллоев 21 январи соли 1971 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1993 Академияи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плехановро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. 20 сол собиқаи кории касбӣ дошта, дар соҳаҳои бонкдорӣ, тиҷорат ва ширкатҳои байналмилалӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 2008—2012 дар мансабҳои сардори Раёсати сармоягузории Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун», Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикхимпром» ва Директор оид ба масъалаҳои молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» кор кардааст.

Аз соли 2012 то 1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум буд. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.

1 марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[2]


Нигаред низ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш