Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доимоамалкунанда ва касбӣ ва вакилони он дар давоми 5 сол бо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунгузорӣ машгуланд.[1]
Ваколатҳои вакили парлумон
вироиш- Вакили Маҷлиси намояндагон фаъолияти худро дар асоси касбии доимӣ иҷро мекунад. Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ.
- Вакили Маҷлиси намояндагон ба амри интихобкунандагон тобеъ набуда, ҳақ дорад фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаҳои худ овоз диҳад.
- Вакили Маҷлиси намояндагонҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад, ӯро ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷои содири ҷиноят. Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунон мавриди кофтукови шахси қарор дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун барои таъмини амнияти дигарон муқаррар намудааст. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди Прокурори генералӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагон ҳал карда мешавад.
- Ваколати вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани он аз ҷониби суд, ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми айбдоркунии суд, қатъи шаҳрвандӣ, тарки доимии ҷумҳурӣ, парокандашавии Маҷлиси намояндагон ва вафоти он қатъ мегардад.
- Вакили Маҷлиси намояндагон шаҳодатномаи вакил ва нишони сарисинагии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, ки аз онҳо дар давоми муҳлати ваколатҳояш истифода мекунад. Маоши вазифавии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Ҳайати Шӯрои Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ
вироиш10 марти соли 2010 ҷаласаи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV баргузор гардид. Ҷаласаи якуми иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Амир Қароқулов ифтитоҳ карда, 63 нафар вакилони интихобшударо муаррифӣ намуд. Зуҳуров Шукурҷон бо ҷонибдории 63 нафар вакил Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Бо пешниҳоди Раиси МНМО Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров Амиршо Миралиев муовини аввал, Назира Ғаффорова ва Мирганд Шаҳбозов мовинони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
- Раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич,
- Раиси Кумита оид ба мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шермуҳаммад Шоҳиён,
- Раиси Кумитаи иқтисод ва молияи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — ,
- Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ ва экологияи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — Саиди Ёқубзод,
- Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — Салимзода Олим,
- Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — Марҳабо Ҷабборова,
- Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — Хайринисо Юсуфӣ,
- Раиси Кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — Сафаралӣ Раҷабов,
- Раиси Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияи МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — Амир Катаев,
- Раиси Кумитаи оид ба назорати дастур ва ташкили кори МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — Азизмад Имомов,
- Раиси комиссия оид ба одоби вакилони МН МО Ҷумҳурии Тоҷикистон — Давлаталӣ Давлатзода интихоб шуданд.
Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Раис, муовини аввал, муовинон ва раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати IV шомил шуданд.
Рӯихати вакилон
вироишРӯихати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати IV[2]: (18 октябри соли 2014)
- Зуҳуров Шукурҷон
- Маҳмудов Насрулло Раҳматович
- Миралиев Амиршо
- Сироҷов Шарофиддин
- Назира Ғаффорова
- Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич
- Шабозов Мирганд
- Гулов Сафаралӣ
- Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич
- Талбаков Исмоил Иброҳимович
- Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ
- Маҳмадшариф Ҳақдодов
- Садриддинов Бадриддин Талбакович
- Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович
- Кенҷаева Мунаввара
- Саиди Ёқубзод
- Сафаров Зайниддин
- Салимзода Олим
- Хидирова Махфират Умаровна
- Маҳмадалиев Амирбек
- Ҳисориев Маҳмадамин Исматович
- Хайринисо Юсуфӣ
- Самадова Махсуда Абдуғафуровна
- Хонов Абдураҳмон
- Фелалиев Акрамшо Саидшоевич
- Катаев Амир Ҳабибович
- Кабиров Муҳиддин Тиллоевич
- Давлатзода Давлаталӣ
- Оқилов Нурулло Иноятович
- Имомов Азизмат Холматович
- Каримов Маҳмадраҳим
- Давлатов Убайдулло Абдуллоевич
- Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович
- Холов Саттор
- Низом Қосим пури Ҷаҳонгир
- Расулов Ашурбек
- Сафаров Олимҷон
- Муқумова Сабоҳат Аминовна
- Сафаров Амирхон
- Турдиматова Нoдира Мирзоалиевна
- Назриев Мусаябшо
- Қурбонов Бег Холович
- Шабдолов Шоди Давлатович
- Рабиева Галия Рабиевна
- Эсанқулов Эшбурӣ Турахонович
- Салимов Абдуҷалол
- Самадов Шакарбек Додхоевич
- Шарипов Суҳроб
- Амиршоева Саодат
- Саъдуллоев Ҳабибулло Найимович
- Зиёратшо Саъдулло
- Ҳисайнов Умаралӣ Фаттоҳович
- Самадов Турахон
- Лутфулло Ҳабибуллоевич Саидмуродов
- Исматуллоев Дилшод
- Ҷонов Назрулло
- Нозимов Маҳмадшариф
- Иномов Абдузафар
- Гиёев Сайфулло Неъматович
- Авзалшоева Бибидавлат
- Баракатулло Атохоҷа[3] Бойгонӣ шудааст 31 августи 2014 сол.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ ПАРЛУМОНИ ТОҶИКИСТОН БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ КАРД(тоҷ.). www.khovar.tj. khovar.tj. 8 феврали 2025 санҷида шуд.
- ↑ Википедиа(пайванди дастнорас — таърих).
- ↑ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пайвандҳо
вироиш- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 31 августи 2014 сол.