Додихудо Саймуддинов

Додихудо Саймиддинов (24 июни 1949, ҶШС Тоҷикистон — 2 майи 2017, Душанбе, Тоҷикистон) — забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология (1999). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2001)[1].

Додихудо Саймиддинов
Додихудо Саймиддинов дар соли 2012
Додихудо Саймиддинов дар соли 2012
Таърихи таваллуд 24 июн 1949(1949-06-24)
Зодгоҳ ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 2 май 2017(2017-05-02) (67 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ забоншиносӣ, шарқшиносӣ, эроншиносӣ
Ҷойҳои кор Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ (1994—2005)
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2009)
Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009—2013)
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1973), Институти забоншиносии АИ СССР,
Факултаи шарқшиносӣ,
Санкт-Петербург (1976-1979)
Роҳбари илмӣ Леонард Герсенберг
Ҷоизаҳо
Ордени Шараф
Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Додихудо Саймиддинов 24 июни соли 1949 ба дунё омадааст. Хатмкардаи ихтисоси забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1973) буда, бо тавсияи ҳамин донишгоҳ барои таҳқиқ ба Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳхат мегирад.

Кор ва фаъолият

вироиш

Солҳои 1974—1976 — коромӯзи бахши дар Ленингради Институти забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва солҳои 1976—1979 аспиранти ҳамин институт мешавад.

Пас аз хатми аспирантура фаъолияти илмиашро дар Институти забон ва адабиёти Рӯдакӣ дар вазифаҳои гуногуни илмӣ ва маъмурӣ идома додааст.

Аз соли 1995 дар вазифаҳои масъули раҳбарикунанда фаъолиятро оғоз мекунад. Ҳамин тавр, солҳои 1995—2000 муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2000—2005 директори Институти забон ва адабиёти А. Рӯдакӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2005—2009 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумита оид ба илм, маориф ва фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон интихоб гардид.

Аз соли 2009 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд. Бино ба сабаби ба синни нафақа расидан моҳи декабри 2013 аз ин вазифа барканор шуд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Додихудо Саймиддинов дар масоили «Ташреҳи лингвистии сутуни форсии миёна» (соли 1982) рисолаи номзадӣ ва «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 1999) рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Ӯ дар масоили гуногуни забонҳои форсии миёна ва нав, ҳамчунин, забони тоҷикӣ пажуҳиш анҷом додааст, ки чанд намунаро аз таълифот метавон ном бурд: «Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (соли 1992), «Фарҳангномаҳои форсии миёна» (соли 1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (соли 1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 2001), «Адабиёти паҳлавӣ» (соли 2003), «Форсии бостон» (соли 2008), «Фарҳанги ҳузворишҳои паҳлавӣ» (соли 2008). Охирон китоби ӯ бо номи «Пажуҳишҳои забоншиносӣ» (соли 2013) ба табъ расид, ки мақолаҳои илмиву таҳқиқотии дар солҳои гуногун навиштаашро дар бар мегирад.

Мақолаҳои илмии мавсуф дар хориҷи ҷумҳурӣ дар Москва, Санкт-Петербург, Афғонистон, Эрон, Порис, Шветсия ба табъ расидааст. Додихудо Саймиддинов барои ду таҳқиқоташ таҳти номи «Фарҳангномаҳои форсии миёна» ва «Истилоҳоти идории замони Сосониён» ба Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони тоҷикӣ- форсӣ сазовор гардидааст.

Пажуҳиши дигари ӯ — «Вожашиносии забони форсии миёна» дар радифи таҳқиқоти эроншиносии хориҷӣ дар Эрон китоби сол эълон гардида, сазовори ҷойи аввал дониста шуд. Додихудо Саймиддинов таҳрири чанд китобҳои сиёсиро низ анҷом додааст. Додихудо Саймиддинов яке аз муҳаррирони «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» буда, дар нашри дувуми он дар як ҷилд дар соли 2006 саҳм гузоштааст. Таҳти роҳбарии ӯ 20 нафар рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ кардаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш
  • Бо ордени «Шараф» дараҷаи II тақдир шудааст.
  • Узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адабиёти форси Ҷумҳурии Исломии Эрон (2010).

Бино ба иттилои наздикони профессор Додихудо Саймиддинов, дили ӯ нимашаби 2 майи 2017 аз задан мондааст[2].

Китобшиносӣ

вироиш

Додихудо Саймиддинов аз худ осори гаронбаҳоеро ба ҷо гузоштааст, аз ҷумлаи китобҳои ӯ[3]:

  • Саймиддинов, Д. Фарҳангномаҳои форсии миёна.— Д.: Дониш, 1994.— 88 с.
  • Саймиддинов, Д. Истилоҳоти идории замони Сосониён.— Д.: Дониш, 1995.— 68 саҳ.
  • Саймиддинов, Д. Вожашиносии забони форсии миёна.  — Д.: Пайванд, 2001. — 310 с.
  • Саймиддинов, Д. Адабиёти паҳлавӣ.— Д.: Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ, 2003.— 234 с.
  • Саймиддинов, Д. Форсии бостон.— Д.: Пайванд, 2007.— 210 с.
  • Додихудо, С. Фарҳанги гузоришҳои паҳлавӣ. — Д.: Пайванд. — 2008. — 142 с.
  • Саймиддинов, Д. Форсии бостонии овозшиносӣ, грамматика, овознавишт. — Д. — 2008. — 114 с.
  • Саймиддинов, Д. Фарҳанги хузворишҳои паҳлавӣ. — Д.: Пайванд. — 2008. — 139 с.
  • Додихудо, С. Пажӯҳишгоҳи забоншиносӣ. — Д.: Шарқи озод. — 2013. — 208 с.
  • Додихудо, С. Сухансолор. — Д.: Дақиқӣ. — 2014. — 134 с.
  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
  2. Додихудо Саймиддинов дар синни 68 даргузашт » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.tj. 2 май 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 май 2017.
  3. Осори Додихудо Саймиддинов дар Китобхонаи миллӣ | Китобхонаи миллии Тоҷикистон. www.kmt.tj. 2 май 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 май 2017.

Сарчашма

вироиш