Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон

(ДЭТ)
Соли таъсисёбӣ 2006
Навъ давлатӣ
Ректор Исозода Диловаршоҳ Тариқ
Донишҷӯён 2208
Докторон 6
Омӯзгорон 148
Мавқеъ  Тоҷикистон: Хатлон, ноҳияи Бохтар, 735162
Сайт det.tj

Маълумоти мухтасар

вироиш

Донишкада соли 2006 дар ш. Қурғонтеппа вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Сарпарасти донишкада Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон мебошад. Мақоми донишкада мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад.

Таърих

вироиш

Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 211 аз 03 майи соли 2006, ҳамчун муассисаи давлатии таълимии олии тобеъи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Қӯрғонтеппа таъсис дода шудааст. Бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016 таҳти рақами 61-ф бино ва иншооти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи махсусгардонидашудаи ноҳияи Бохтар”-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, баъди бозсозиву таҷдиду тармим ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Соли 2016 дар рӯзи дуюми сафари кории худ дар вилояти Хатлон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз таҷдиди комил бинои нави Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониёнро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Фаъолияти худро Донишкада дар ин бинои наву замонавӣ тибқи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Оинномаи худ, ки бо Фармоиши Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон № 35 аз 21 июли соли 2014 тасдиқ шудааст, инчунин Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ силсилаи АУ № 0001402 аз 10 январи соли 2014, рақами қайд №1875, ба роҳ мондааст.

Фаъолияти донишкада

вироиш

Бо гузашти камтар аз 12 сол, Раёсат ва Шӯрои олимон, шуъбаҳои таълим, тарбия, молия ва хоҷагидорӣ, деканати факултаҳо, аъзои кафедраҳо ва кулли кормандони Донишкада, дар самтҳои боло бардоштани сифати таълим, самаранокии таҳқиқотҳои илмӣ, ободу зебо гардонидани биноҳои таълимву хобгоҳҳо, инчунин дар таъмини донишҷуён бо таҷҳизоти озмоишии замонавӣ ва синфхонаҳои компютерӣ, ба натиҷ То 31 декабри соли 2017 дар Донишкада 148 нафар омӯзгорон, 95 нафар омӯзгорони штатӣ, 24 нафар ҳамкорони дохила ва 29 нафар ҳамкорони аз он ҷумла 18 номзадони илм ва 6 нафар докторони илм дар 6 кафедра кор мекунанд. Дар Донишкада донишҷӯён аз рӯи 12 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд. Теъдоди донишҷӯён то 03 ноябри соли 2017 ҳамагӣ 2208 нафар, духтарон-79 нафар, квота-123 нафар (духтарон-7 нафар), аз ҷумла: шуъбаи рӯзона-1355 нафар, (буҷавӣ-699 нафар, шартномавӣ-656 нафар), шуъбаи ғоибона (шартномавӣ)-853 нафарро ташкил медиҳад. Дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ду шӯъба 2208 нафар донишҷӯён таълим мегиранд, ки 1355 (61,4%) нафарашон донишҷӯёни шуъбаи рӯзона ва 853 (38,6%) донишҷӯёни шуъбаи ғоибона мебошанд. Дар Донишкада 79 нафар духтарон таҳсил менамоянд, ки ин ҳамагӣ 3,6 фоизро ташкил медиҳад. Машғулиятҳо дар 66-синфхона, 24 озмоишгоҳҳо ва 2 синфхонаи компютерӣ, ки дар 4 бинои таълимӣ ҷойгир гаштаанд, ба роҳ монда шуда, дар онҳо зиёда аз 1987 ҷои нишаст бо мизу курсиҳо таъмин гардидааст. Шумораи тахтаҳои электронӣ ба 8 адад расида, ки барои баланд бардоштани сифати таълим дар Донишкада таъсири мусбат мерасонад. Яке аз воситаҳои муҳими беҳтар намудани раванди таълим, дастрас намудани китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва ғанӣ гардонидани китобхонаи Донишкада бо китобҳои зарурӣ мебошад. Айни ҳол дар фонди китобхонаи Донишкада 17424 адад китоб мавҷуд аст. Дар соли 2016 Раёсат муҷаҳазгардонии қироатхонаи хобгоҳро бо ҷевонҳои китобгузорӣ, асбобҳои нусхабардорӣ (ксерокс) ва китобҳои тахассусӣ ба нақша гирифтааст. Инчунин дар маркази инноватсионӣ ва парки технологӣ чопи китобҳои дарсии омӯзгорони Донишкада ба роҳ монда шудааст. Дар Донишкада алҳол миқдори кормандони илмии дараҷа ва унвони илмидошта 16,6%-ро ташкил медиҳад. Аз тарафи устодони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар давоми соли 2017 дар конференсияҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ 304 фишурдаву мақолаҳои илмӣ чоп карда шудааст. Дар давраи ҳисоботи 18 нафар омӯзгорони ҷавони Донишкада барои таҳсил ва коромӯзӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон фиристода шудаанд. Дар соли 2016 пас аз гузаштани коромӯзӣ донишҷӯён ва омӯзгорони Донишкада соҳиби 2 адад сертификати байналмилалӣ гардидаанд. Умуман дар шуъбаҳои рӯзонаи аспирантураи хориҷи кишвар тавассути квотаи байналмиллалии Президентии “Дурахшандагон”-3 нафар, квотаи Федератсияи Россия-2 нафар, буҷаи Федератсияи Россия-6 нафар, маблағҳои махсуси Донишкада-3 нафар ва дигар сарчашмаҳо-3 нафар таҳсил доранд.

Факултаҳо

вироиш
  1. Электроэнергетикӣ
  2. Электромеханика ва технологияи иноватсиони
  3. Муҳандиси иқтисодиёти соҳавӣ

Кафедраҳо

вироиш
  • Нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ
  • Таъминоти барқ ва ҳифзи релеӣ
  • Фанҳои гуманитарӣ
  • Сохтмони гидротехникӣ ва фанҳои умумитехникӣ
  • Риёзӣ- иқтисодӣ
  • Автоматонӣ ва ҳарактоварҳои барқӣ

Ихтисосҳо

вироиш
  • 1-430101 «Неругоҳҳои барқӣ»


  • 1-430103 «Таъмини барқ (аз руи соҳаҳо)
  • 1-530105 - Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ
  • 1-530104-03 « Автоматика ва ҳифзи релеии дастгоҳҳои барқӣ»
  • 1-430105 -05 «Манбаъхои баркароршавандаи ғайрианъанавии энергия»
  • 1-700401- 01 «Сохтмони гидротехникӣ»
  • 1-270101-10 «Иқтисодиёт ва идоракунӣ (дар энергетика)»
  • 1-430102 «Низом ва шабакаҳои энергетикаи барқӣ»
  • 1-700401-03 «Сохтмон ва истифодабарии нерўгоҳҳои обию барқӣ»
  • 1-530104- 05 «Воситаҳои техникии назорат ва ҳисоби истифодаи энергия»
  • 1-430107 - «Истифодабарии техникии таҷҳизоти барқии муассиса»

Роҳбарон

вироиш
  • Ректор – Исозода Диловаршоҳ Тариқ
  • Ноиби ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои хоричӣ – Зувайдуллозода Файзулло Зикир
  • Ноиби ректор оид таълим- Шарифова Зарина Ҷумаевна
  • Ноиби ректор оид тарбия- Мирзоева Кибриё Қараевна
  • Мушовири ректор- Ализода Аҳмадҷон Абдуқодир

Пайвандҳо

вироиш