Ноҳияи Кӯшониён
Ноҳияи Кӯшониён (пештар Коммунистӣ, то 12 марти 1992; Бохтар, то 22 январи 2018[2]) — яке аз ноҳияҳои маъмурии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маркази ноҳия — шаҳраки Сомониён (то 13 ноябри 1998 шаҳраки Октябр) 15 км ҷанубтар аз шаҳри Бохтар ҷойгир аст.
Ноҳияи маъмурӣ | |
русӣ: Кушониёнский район[ русӣ: Бохтарский район русӣ: Коммунистический район | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Хатлон |
Шомили | 3 шаҳрак, 5 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Сомониён |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 17 январи соли 1944 |
Масоҳат | 578,9 км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 260 500[1] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон, ӯзбакҳо, русҳо |
Мазҳаб | мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ, масеҳиён |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | BO |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.KL.BO |
Коди телефон | +992 3245 |
Нишонаи почта | 735140 |
Домени интернет | .tj |
Коди мошинҳо | TJ03 |
17 ноябри 1980 таъсис ёфтааст. Масоҳаташ 578,9 км2. Аҳолиаш 232 ҳазор нафар (2013). Аз маркази ноҳия то маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 8 км, то шаҳри Душанбе 100 км.[3]
Ҷойгоҳ
вироишҲудуди ноҳия, асосан, дар водии Вахш ҷойгир буда, сатҳаш ҳамвор ва иборат аз пуштаву адирҳост. Дар шимол бо ноҳияи Ҷомӣ, дар шарқ — бо шаҳри Левакант ва ноҳияи Вахш, дар ғарб — бо ноҳияи Хуросон ва дар ҷануб — бо ноҳияи Балхӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.
Иқлим
вироишБаландиаш аз сатҳи баҳр 400—1200 м. Иқлимаш хушки субтропикӣ. Ҳарорати миёнаи июл 24-300С, январ 0-10С. Боришоти солона — 250—300 мм. Дарёи асосиаш Вахш. Хоки ҳудуди ноҳия, асосан, хокистарранги равшан, хокистарранги муқаррарӣ ва марғзорист.
Табиат
вироишОлами наботот
вироишДар пастиву доманакӯҳҳо набототи биёбонию нимбиёбонӣ, дар баландиҳои зиёда аз 800 м рустаниҳои даштӣ мерӯянд. Дар соҳилҳои рӯди Вахш аҳёнан тӯғайзор ба назар мерасад.
Таърих
вироишБохтар аз соли 1937 то соли 1959 ноҳияи Октябри собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, аз соли 1959 то 6 январи 1965 шаҳраки Октябри ноҳияи Қӯрғонтеппа, то 17 октябри 1980 шаҳраки Октябри ноҳияи Вахш, то 12 марти 1992 ноҳияи Коммунистӣ буд. Бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бузургдошти арзишҳои миллӣ ва поси мероси таърихӣ аз 12 марти 1992 ноҳияи Коммунистӣ номи Бохтарро гирифт.
Ҳудудҳои Бохтари кунунӣ тайи асрҳои миёна ва минбаъд аслан тобеи Хатлон ва ҳокимони Қубодиён буда, таърихан дар ҳудуди шаҳрҳои қадимии Вахш, Левакант ва Ҳаловард мавқеъ доштааст. Истахрӣ дар «Мамолику-л-масолик» ҳудудҳои шаҳрҳои Ҳаловарду Левакант ва дигар деҳоту шаҳракҳои атрофи онро дар фосилаи думанзилии канораи рӯди Вахшоб қаламдод кардааст. Муаллифи «Ҳудуду-л-олам» навиштааст, ки минтақаи Вахш ва деҳоти атрофи он паҳновару ободон ва пурфайз буда, Ҳаловард мавзеи бо кишту варз ва хушҳаво, Левакант макони гӯсфандони ваҳшӣ будааст. Дар замони Ғуриён ин минтақа аз тобеоти давлати мазкур буд. Минтақаи Бохтар ва деҳоти атрофи он бар асари ихтилофу ҳангомаҳои таърихӣ ва давлатдориҳои минбаъда зери тобеияти ҳокимони Хатлон, Вахш ва Қубодиён қарор доштанд ва дертар дар аҳди давлатдории Манғитиён ба ҳудудҳои Аморати Бухоро дохил гаштанд. Баъди обёрии заминҳои водии Вахш ва ривоҷёбии пахтакорӣ дар аҳди Шӯравӣ Бохтар хеле обод шуда, ба макони парвариши пахтаи маҳиннах ва истеҳсолу коркарди он табдил ёфт.
Мардум
вироишМардуми Ноҳияи Кӯшониён ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Кӯшониён 224 600 ҳаз. тан ҷамъият дошт.[4].
Сол | 2012 | 2013 | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
225,5 | 231,5 | 214,8 | 220,2 | 240,5 | 245,9 | 255,7 | 260,5 |
Бахшбандӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Кӯшониён 3 ҷамоати шаҳрак (Бохтариён, Бӯстонқалъа, Исмоили Сомонӣ), 5 ҷамоати деҳот (Ориён, Заргар, Сарвати Истиқлол, Меҳнатобод, Навбаҳор) дорад[5]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Кӯшониён | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Сомониён, шаҳрак | 10500 | ||||||||||
Бӯстонқалъа, шаҳрак | 4900 | ||||||||||
Бохтриён, шаҳрак | 6400 | ||||||||||
Ориён | 10392 | ||||||||||
Сарвати Истиқлол | 3307 | ||||||||||
Навбаҳор | 18281 | ||||||||||
Меҳнатобод | 34200 | ||||||||||
Заргар | 49235 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Кӯшониён Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Кӯшониён Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Кӯшониён барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисодиёт
вироишКишоварзӣ
вироишКӯшониён аслан ноҳияи кишоварзӣ буда, соҳаи муҳимми хоҷагидории онро пахтакорӣ, махсусан, навъҳои маҳиннах, ташкил медиҳад. Ҳамчунин, ғаллакорӣ (гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ ва ғайра), боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, лимупарварӣ, кишти зироатҳои хӯроки чорво, пилапарварӣ, занбӯрпарварӣ, чорводорию парандапарварӣ тараққӣ кардаанд. Ноҳия 561 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), 7 хоҷагии ёрирасон, 5 хоҷагии давлатӣ, 10 ширкати кишоварзӣ дорад. Майдони умумии заминҳои кишоварзӣ 17948 га (2012), аз ҷумла, заминҳои обӣ 17948 га, аз ҳамин ҳисоб замини пахта 12501 га, ғаллаву ҷуворимакка 2774 га, сабзавот 651 га, полезиҳо 189 га, картошка 189 га, боғзор 200 га, токзор 9 га-ро ташкил медиҳанд. Заминҳо, асосан, аз наҳри Вахш обёрӣ мешаванд. Чорводорӣ яке аз соҳаҳои муҳим буда, саршумори чорво дар хоҷагиҳои деҳқонӣ чунин аст (соли 2012, ба ҳисоби сар): гов — 3929, гӯсфанду буз — 10983, асп — 105, паранда — 3575. Дар ноҳия соли 2011-ум 212 т гӯшт, 792 т шир, 5300 дона тухм, 24,6 т пашм, 19,3 т асал, 13607 т сабзавот, 5024 т полезиҳо, 580 т меваҷот, 629 т ангур, 4086 т картошка, 10056 т ғалладона, 29520 т пахта истеҳсол шудааст.
Саноат
вироишДар ҳудуди ноҳия 13 муассисаи саноатӣ, 8 корхонаи бинокорӣ, 10 муассисаи хидматрасон, 2 муассисаи хӯроки умумӣ, 24 толори варзиш, 2 ҳавзи шиноварӣ, 109 майдони варзиш, варзишгоҳи марказӣ, мактаби варзиш, муассисаи нақлиётӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хоҷагии об, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, бахшҳои алоқаи ҶС "Тоҷиктелеком ", бахши Департаменти давлатии «Почтаи Тоҷикистон», корхонаҳои нонпазӣ, хонаҳои хидмати маишӣ, 34 нуқтаи савдои хусусӣ фаъолият доранд. Корхонаҳои саноатии ноҳия: заводи нон, корхонаи хусусии истеҳсоли хишти «Сиддиқ», ҶММ «Континентал», матбаа, ҶДММ «Ресандаи Хатлон», ҶДММ «Ганҷи Вахш», ҶММ «Ситораи Шарқи Озод», КВД «Аэропорт», корхонаҳои коркарди пахтаи «Бахтиёр», «Заргари Тоҷиддин», «Файзалӣ Саидов», ҶДММ «Котон-Асрор» ва «Котон-Суҳроб», ҶДММ Фароз (коркарди решаи ширинбия).
Нақлиёт
вироишАз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани Тирмиз — Бохтар мегузарад. Аэропорти шаҳри Бохтар дар ҳудуди ноҳия воқеъ аст.
Маориф
вироишСоли хониши 2011-12 дар ноҳия литсей, коллеҷ, гимназияи давлатӣ, 9 муассисаи томактабӣ, мактаб-интернати хусусии кӯдакони ятим, мактаби мусиқӣ, мактаби президентӣ барои талабагони болаёқат, инчунин, 67 мактаб, аз ҷумла 57 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 5 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 8 мактаби ибтидоӣ фаъол буда, дар онҳо 48137 нафар талаба таҳсил мекарданд.
Тандурустӣ
вироишДар ноҳияи Кӯшониён соли 2012 8 беморхонаи марказӣ, 2 беморхонаи рақамӣ, 3 беморхонаи минтақавӣ, 20 маркази саломатии деҳотӣ, 39 бунгоҳи тиббӣ, 12 дорухона, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази пешгирии паҳншавии бемориҳои СПИД, Маркази бемориҳои пӯсту зуҳравӣ, Маркази тибби оилавӣ, Маркази бемориҳои тропикӣ, Маркази давлатии назорати беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ) фаъолият доштанд, ки дар онҳо 107 духтури маълумотиолидор ва 468 корманди маълумоти миёнаитиббидор ба мардум хидмат мерасонданд.
Фарҳанг
вироишНоҳия шуъбаи фарҳанг, 26 китобхона (дорои 155,5 ҳазор нусха китоб), 8 кохи фарҳанг ва гурӯҳи хидматрасонии ҳунарии назди шуъбаи фарҳанг дорад.
Матбуот
вироишРӯзномаи ноҳиявӣ — «Бохтар» (аз соли 1931 нашр мешавад).
Эзоҳ
вироиш- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 20 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон(тоҷ.). www.president.tj. Сайти рамии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2 августи 2018 санҷида шуд.
- ↑ Бохтар / Б. Абдураҳмонов, Ш. Тошева // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
Адабиёт
вироиш- Энсиклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 8, Д., 1988;
- Ғоибов Ғ. Таърихи Хатлон аз оғоз то имрӯз. Д., 2006;
- Файзуллоҳи Муҳаммадӣ. Қӯрғонтеппа — нигини Вахшонзамин. Д., 2007;
- Муҳаббатов Х., Раҳимов М. Географияи Тоҷикистон. Д., 2011;
- Шиносномаи ноҳияи Бохтар. Бохтар, 2012.
Сарчашма
вироиш- Бохтар // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.