Дорбозӣ
Дорбозӣ - навъи санъати анъанавӣ, ки дар болои ресмони аз ду тараф дар сутунҳо басташуда иҷро мешавад. Дорбозон бештар дар иду ҷашнҳои халқӣ, тӯйи арӯсӣ ва хатнасурҳо бо барномаҳои рангин ҳунарнамоӣ мекунанд.
Тавсифи мухтасар
вироишДорбозӣ яке аз навъҳои санъати халқии тоҷикон ба шумор рафта, тақрибан 2,5 ҳазор сол пеш дар Шарқ пайдо шудааст ва сипас тадриҷан дар ҷаҳон густариш ёфтааст. Тоҷикон аз давраҳои қадим дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, сайрҳои оммавӣ, ҷашни арӯсию хатнасур намоишҳои сирки халқиро барпо менамуданд, ки яке аз бахшҳои ҳатмии он дорбозӣ ба шумор мерафт. Дорбозон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодому Исфара, Панҷакенту Истаравшан ва Ҳисор барномаҳои гуногун намоиш медоданд. Дастаҳои онҳо, одатан, аз 2-3 дорбоз, 2 масхарабоз, 3-4 навозандаи карнаю сурнай ва таблу нақора иборат буд. Барои дор арғамчини пашминро истифода мебурданд. Аз нимаи асри ХХ инҷониб ҳунармандони тоҷик сими фӯлодинро ҳамчун тор ба кор мебаранд. Дор ду ҷуфт сутуне буд, ки аз болояш ба мисли ҳарфи «Х» ба ҳам пайванд карда мешуд ва аз ҷойи пайвандӣ аз ин ҷуфти сутунҳо ба он ҷуфт ресмони сахтро таранг кашида мебастанд. Баландии тор аз 5м то 10м буд, баъзан аз ин ҳам баландтар мешуд. Намоишҳо бо садои карнаю сурнай ва нақора оғоз мегаштанд. Тамошогарон садои мусиқии шӯхро шунида, атрофи дор ҷамъ мешуданд. Пас аз гирд омадани одамон мусиқӣ хомӯш шуда, роҳбари даста ё ягон мӯйсафеди табаррук даст ба дуо бардошта фотиҳа медод ва сипас намоиш оғоз мегардид. Таҳти навои мусиқӣ дорбоз дар даст чӯбдасти дарозеро ба таври амудӣ дошта, рӯйи ресмонмедавид, менишаст, якпоя меистод, бо чашмони баста ҳаракат менамуд ва ғайра. Баъзе дорбозони тоҷик дар болои дор мерақсиданд, ба пойҳояшон лаъличаҳои мисин баста, ё ба сарашон халта пӯшида, чашмонашонро бо рӯймолча баста, ҳар гуна нағмаҳо менамуданд. Ё худ пиёла ё косаҳои пуробро болои сарашон дар ҳолати мувозанат гузошта, бо кафшҳои пошнабаланд дар болои дор ҳунарҳои мураккабу аҷиб намоиш медоданд. Пас аз як дафъа ҳунарнамоии дорбозон навбат ба масхарабозон мерасид. Онҳо одатан саҳаначаҳои ҳаҷвӣ иҷро мекарданд, шеърҳои шӯху ҳаҷвӣ мехонданд, ба овозу рафториҷонварону одамони муайян тақлид менамуданд. Шуъбадабозон дар болои шишапораҳопойи луч баромада, мерақсиданд. Бо кордҳо ба нишон мезаданд, тӯбчаю меваҳоро болопартоӣ карда, табъи ҳамаро хуш мегардониданд. Баъзеашон бо оташ бозӣ мекарданд, ё ба ҷонварони ромшуда фармон дода, онҳоро ба бозӣ медароварданд. Таълими дорбозони наврас, маъмулан, аз 9-10 солагӣ оғоз меёфт. Писарбачаи шогирдро аввал устодаш парҳези қатъӣ мефармуд, сипас ӯро маҷбур мекард, ки ҳар рӯз як қатор машқҳои гимнастикиро такрор ба такрор иҷро кунад. Ин машқҳо аз қату рост кардани дасту по ва бадан, давидан, ҷаҳидан, тоб додани миён ва ғайра иборат буданд. Баъдан ба камари шогирд аз ду тараф ресмон баста, мефармуданд, ки болои дори пастаке роҳ гардад. Барои бехатарии машқ дор дар болои ҳавзи об сохта мешуд. Тадриҷан машқҳо мураккабтар гардида, дорро баландтар мебардоштанд. Ҳамин тавр то дорбози ҳақиқӣ ва мустақил шудани шогирд машқҳо зери назорати устод давом меёфтанд. Пас аз ҳунари дорбозиро пурра аз худ карданаш шогирд маросими хурде барпо карда, устод ва сардори дорбозонро зиёфат медод, ба онҳо ҷома мепӯшонид ва фотиҳаи касбу кор мегирифт. Санъати дорбозии мардумӣ имрӯзҳо, бинобар густариш ёфтани сирки касбӣ, намудҳоигуногуни варзиш ва навъҳои санъату ҳунар мавқеи анъанавии худро як андоза аз даст додааст.[1]
Маҳалли густариш
вироишМанобеъ
вироиш- ↑ Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 60-61. – 280 с.