Дудпулӣ
Дудпулӣ (дудона) – навъи андозе, ки аз ҳар ҳавлӣ ситонида мешуд. Дудпулӣ дар замони ҳукмронии Темуриён пайдо шуда, минбаъд инкишоф ёфтааст. Охири асри XIX миқдори он дар аморати Бухоро гуногун буд. Масалан, дар бекии Қаротегин 75 тангаро ташкил мекард. Дар қисми ҷанубии бекии Дарвоз деҳқонон барои истифодаи ҳезум ба бек як гӯсфанд ё ду парча карбос медоданд, ки он дертар ба пул иваз шуд. Дар ҳавзаи дарёи Хингоб миқдори дудпулӣ 1–2 танга буд. Баъди ғалабаи Инқилоби Октябр дар Осиёи Миёна барҳам хӯрд.
Адабиёт
вироишКисляков Н. А. Патриархальнофеодальные отношения среди оседлого населения Бухарского ханства в конце XIX – начале XX века. М.–Л., 1962.
Манбаъ
вироишЭнсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |