Дуредгарӣ (порсӣ: دریدگری ) – (наҷҷорӣ, чӯбтарошӣ) яке аз касбҳои маъруфи суннатии тоҷикон мебошад, ки ба коркард ва сохтани маҳсулоти чӯбӣ марбут аст. Дуредгарӣ ба ҳунарҳои дару тирезасозӣ, сандуқсозӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, гаҳворасозӣ, созтарошӣ, шонагарӣ, кафшсозӣ ва чанде дигар, ки бо чӯб бевосита сару кор доранд, иртибот дорад. Шахсе, ки ба ин касб шуғл дорад, ӯро дуредгар, наҷҷор, устои чӯбкор ё чӯбтарош меноманд. Аз замонҳои қадим қариб дар ҳар як деҳа устоҳои чӯбкор зиндагӣ ва ба мардум хидмат мекарданд. Асбобҳои дуредгарӣ табар, арра, теша, пойтеша, тешаи новак, тешаи чапновак, леса, ранда, искана, хоиск, парма ва чанде дигар мебошанд. Пойтеша дорои дастаи дароз буда, барои тарошидани тахтаву сутунҳои айвон, болор ва амсоли инҳо ба кор мерафт. Тешаҳои хурд – новак ва чапновак барои тарошидани табақу қошуқ, кафш, асбоби рӯзгор, созҳои мусиқӣ ва ғайра мувофиқ буд. Барои тарошидани чӯбу тахтаҳо аз ранда, досранда ва леса – асбобои дудастаи миёнаш теғи оҳаниндор истифода мебурданд. Бо парма (обпарма) ва камончаи он чӯбҳоро сӯрох мекарданд. Барои корҳои хурди дуредгарӣ ҳатман кундаи дуктарошӣ, ки ба болои он чӯбро монда метарошиданд, лозим мешуд.

Дуредгарӣ, касби суннатии тоҷикон
Дари кандакорӣ

Дуредгарон, асосан, аз чӯби дарахтони маҳаллӣ: бед, сафедор, чинор, чормағз, тут, зардолу ва ғайра ҳамчун ашёи хом ба кор мебурданд. Устоҳои хонасоз аз маҳсулоти сохтаи дуредгарон: вассаву болор, дастак, сутун, дару тиреза, тахтаҳои фаршу сақф, пешайвон ва болохонаро истифода мекарданд. Олоти кишоварзию корҳои рӯзгор: чигина, юғу сипор, занбар, шоха, курчаки гандумбоддиҳӣ, чархчӯб ва чахники дӯғкашӣ, куппӣ, табақу қошуқи чӯбӣ, оштахта бо тиракаш, ҷува (чӯбак), нонпар, сандалӣ, мизу курсӣ, ҷевон, ҳаллоҷӣ, дӯк ва чархаи ресмонресӣ, дастгоҳи бофандагӣ, қисмҳои гуногуни дастгоҳи осиёб, ҷувози равғанкашӣ ва чандин олоти дигар ҳама ба заҳмати дуредгар тааллуқ доштанд.[1]

Адабиёт

вироиш

Манбаъ

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Ершов Н.Н. Домашныие промыслы и ремесла // Таджики Каратегина и Дарваза. – Душанбе, Вып. 1, 1966;
  • Ершов Н.Н. Каратаг и его ремесла. – Душанбе, 1984.

Нигаред низ

вироиш
  1. Д. Раҳимов. Касбу ҳунарҳои анъанавии тоҷикон. – Душанбе, 2014. – С. 29 - 31.